Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин дар Тоҷикистон $1 млд сармоягузорӣ мекунад


Бино ба хабари дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Чин дар иқтисоди Тоҷикистон 1 миллиард доллар сармоягузорӣ хоҳад кард.

Дар ҷараёни боздиди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Чин ҷонибҳо 10 санади ҳамкорӣ имзо кардаанд.

Тибқи тавофуқот дар давоми як сол ҷониби Чин дар шаҳри Душанбе маркази барқи ҳароратӣ бунёд мекунад. Дар ноҳияи Шаҳритус низ корхонаи алюмини Тоҷикистон-TALCO як ҷо бо як ширкати чиноӣ корхонаи тавлиди семент месозанд. Ин корхона метавонад соле то 3 миллион тон семент тавлид кунад. Арзиши сохтмони корхона 600 миллион доллар хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG