Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрӣ Аминов узви Академияи наққошии Русия шуд


Акс аз А. Тиртишников
Акс аз А. Тиртишников
Пайкарасози тоҷик Амрӣ Аминов ба Академияи наққошии Русия пазируфта шуд. Санади узвият ва нишони онро ба ҳайкалтароши тоҷик, раҳбари ин академия, пайкарасози маъруф Зураб Серетелӣ дар қароргоҳи бунёди СММ дар умури илм, фарҳанг ва маориф (UNESCO) дар Порис тақми дошт. Аминов дастпаравари мактаби олии ҳунари ҳайкалтарошии Русия аст. Пас аз чанд соли кор дар Тоҷикистон ба Фаронса ҳиҷрат кард ва миёни аҳли ҳунари пойтахти Фаронса шӯҳрати зиёдро касб кардааст. Муҷассамаҳои Амрӣ дар чанд шаҳр ва, аз ҷумла, дар Порис дар боғи ЮНЕСКО гузошта шудаанд. Амрӣ ҳамчунин муаллифи муҷассамаи “Марианнаи Шомбурсӣ” – рамзи шаҳри Шомбурсии канори Порис аст. Аз ин қабл пайкарасози тоҷик бо чанд ҷоизаи байнулмилалӣ, аз ҷумла, бо ҷоизаи “Требия”-и Ҷумҳурии Чех сарфароз шуда буд. Амрӣ аз соли 2008 “Сафирии сулҳи СММ” аст.
XS
SM
MD
LG