Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай Чинро қабл аз вақти муқарраршуда тарк намуд


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, баъд аз пахши хабари ҳалокати 18 сокини осоиштаи вилояти Лугар аз зарбаи ҳавопаймои низомии НАТО, сафараш ба Чинро қатъ карда ба кишвар баргашт. Ӯ изҳор намуд, ки ҳалокати мардум ба асари ин гуна амалиёти нерӯҳои байнулмилалӣ ғайри қобили қабул аст.

Изҳороти Карзай қабл аз сафари қаблан эълоннашудаи Леон Панетта ба Афғонистон, пахш шуд. Вазири дифои ИМА таъмини амнияти Афғонистонро бо хатми ҳамлаҳои террористони дар Покистон панаҳбурда марбут кард. Ӯ гуфт, ки тоқати Вошингтон аз нотавонии Исломобод барои аз манотиқи марзӣ берун кардани мусаллаҳони гурӯҳи “Ҳаққонӣ” тоқ мешавад.

Леон Панетта бо фармондеҳони ҷузву томҳои низомии амрикоӣ мавзӯи то охири моҳи сентябр аз Афғонистон берун кашидани боз 23 ҳазор низомии кишварро матраҳ кард.

Як рӯз қабл аз сафари Панетта бар асари ҳамлаҳои се маргталаб дар ҷануби Афғонистон дасти кам 23 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG