Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Эксимбанк қарзи нав мегирад


Эксимбанк ва ё Бонки содироту воридоти Чин барои тармими бахше аз роҳи дарозе, ки пойтахти Тоҷикистонро ба Чин мепайвандад, бештар аз 50 миллион доллар ихтисос хоҳад дод. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, созишнома дар мавриди ихтисоси ин қарзи боимтиёз барои тармими бахше аз роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма баъди мулоқоти раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо Ли Жогу, мудири Эксимбанк имзо шудааст. Бо имзои ин созишнома, қарзҳои бонки мазкур ба Тоҷикистон ба марзи 1 миллиард доллар наздик мешавад. То кунун ин бонк ба Тоҷикистон барои сохтмони роҳу шабакаҳои баландшиддати нерӯи барқ 900 миллион доллар қарз додааст.
XS
SM
MD
LG