Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти боздошти гурӯҳи Шералӣ Адҳамов


Дар ҷануби Тоҷикистон 4 узви як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноиро бо иттиҳоми таҳияи ҳамлаҳои террористӣ, куштор ва тиҷорати маводи мухаддир боздошт кардаанд. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати умури дохила гуфт, раҳбари ин гурӯҳ Шералӣ Адҳамови 37-сола рӯзи 4 июн дар натиҷаи як амалиёт дар зодгоҳаш – рустои Бедаки ноҳияи Панҷ дастгир шуда, аз манзили ӯ ду силоҳи худкори Калашников бо 800 тир, 15 телефони мобил, як телефони моҳвораӣ ва лавозимоти дигари низомӣ, аз ҷумла ҷавшанҳо, ва миқбори бузурги маводи мухаддир мусодира шудааст. Ба гуфтаи оқои Садриддинов, аъзои ин гурӯҳ ба мақомот муқовимати мусаллаҳона нишон додаанд. Тоҷикистон бо Афғонистон 1344 километр марзи муштарак дошта, ба ҳисоби СММ, чоряки ҳероину афюни афғонӣ тавассути Осиёи Марказӣ қочоқ мешавад.
XS
SM
MD
LG