Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори нави Хоманеӣ ба Исроил


I
I
Раҳбари мазҳабии Эрон оятуллоҳ Саийд Алии Хоманеӣ имрӯз изҳор намуд, ки агар Исроил ба Эрон ҳамла кунад, “кишвари яҳудиҳо мавриди ҷавоби амсоли раъду барқ қарор хоҳад гирифт”.

Ӯ афзуд, ки итминони ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар бораи талоши дастёбии Теҳрон ба силоҳи ҳастаӣ бепояву бунёд аст. Ба гуфтаи раҳбари Эрон, Ғарб ба ин васила мехоҳад таваҷҷуҳи ҷомеъаро аз мушкилоти иқтисодии Аврупо ва ИМА ба дигар сӯ ҷалб кунад.

Оятулло Хоманеӣ дар 23-умин солгард аз даргузашти поягузории Ҷумҳурии исломии Эрон оятулло Рӯҳулло Ҳумайнӣ суханронӣ кард.
XS
SM
MD
LG