Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳукми маҳбаси хоҳарзодаи қумандони собиқи Фронти халқӣ Хӯҷа Каримовро бетағйир гузошт.
Шӯҳрат Раззоқов дар моҳи феврали соли ҷорӣ бо ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон ба 15 соли зиндон маҳкум ва тибқи қонуни афви соли 1998, аз ҳукми зиндони ӯ 5 солаш ихтисор шуда буд. Наздикони Раззоқов аз ин ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурданд ва ҳоло бо бетағйир гузоштани он, ҳукми додгоҳи Хатлон қувваи қонунӣ гирифт ва ба марҳилаи иҷро даромад.
Алишо Қурбонов, муовини якуми раиси додгоҳи вилояти Хатлон, гуфт, Шӯҳрат Раззоқови 37-сола, хоҳарзода ва яке аз муҳофизони фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ Хӯҷа Каримов, дар гузашта маъруф ба лақаби “Хӯҷа-командир” тибқи 5 моддаи кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (дар таҳрири соли 1961), аз ҷумла дар куштори ду нафар, узвият дар гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ, латукӯб ва гаравгонгирӣ муттаҳам шудааст.
Хусрав Ғурраев, муфаттиши парвандаи Раззоқов дар додситонии вилояти Хатлон, гуфт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Шӯҳрат Раззоқовро 10 соли охир мавриди пайгарди қонунӣ қарор дода буданд. Ба гуфтаи ӯ, Ш. Раззоқов авоили соли 1994-ум Маҳмадулло Сайруллоев ва Фарҳод Шукуровро, ки муҳофизони генерал Шукуров, собиқ вакили Маҷлиси Олии Тоҷикистон будаанд, як моҳ дар ҳаммомхонае дар асорат нигоҳ дошта, пасон онҳоро дар ҳудуди деҳаи Сумбулаи ноҳияи Хуросон кушта ва ҷасадашонро сӯзонидаанд.
Ғулом Бобоев, адвокати Шӯҳрат Раззоқов гуфт, ки нафари зерҳимояташ худро комилан бегуноҳ ҳисобида, зимни мурофиаи додгоҳӣ шоҳидон далелҳои собиткунандаи бегуноҳии ӯро ироа кардаанд. Аммо додгоҳ ба воқеияти нишондодҳои шоҳидон бовар накардааст.
Алишо Қурбонов, муовини раиси додгоҳи Хатлон, гуфт, Шӯҳрат Раззоқов бо истифода аз бесарусомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ шомили дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ буда, “бо сангдилии махсус ва ҳиссиёти бадбинии маҳалгароӣ, динӣ, гаравгон гирифтан, ки боиси марги ҷабрдида гардидааст, ҳамчунин дар зарбу лат ва озори ҷисмонии шаҳрвандон айбдор шудааст”.
Наргис Қосимова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, қатли бераҳмонаи падари журналисташ Шарофиддин Қосимов ва тағояшро кори дастаи муҳофизони Хӯҷа-командир меҳисобад:
“Писари тағои маро эшони Довудхӯҷа мегуфтанд, ки дар Хумдони наздикии Қизилқалъаи ноҳияи Ғозималик (ҳозира Хуросон) зиндагӣ мекард, нав ба милитсия ба кор омада буд. Дар пости Қизилқалъа кор мекард. Ӯро ҳам боздошта, бераҳмона бензин хӯронида, оташ задаанд. Ҷавони хубу беозор ва дур аз гурӯҳҳои сиёсӣ буд. Ӯро ба хотири пайдо кардани падари ман куштанд. Мо далелҳое дорем, ки дар бенишон шудани падарам ва қатли 10-12 нафар аз пайвандонамон маҳз ҳамин гурӯҳ даст доштанд...”
Хонум Қосимова мегӯяд, ба муҷозот кашидани ёрони Хӯҷа Каримов, собиқ фармондеҳи Фронти халқӣ, наметавонад дили даҳҳо хонаводаи ҷабрдидаро таскин диҳад, то замоне, ки мақомоти Тоҷикистон аз боздошти худи Хӯҷа –командир хабар надиҳанд.
Хӯҷа Каримов 12 сол боз дар хориҷ аз кишвар дар ҳоли фирор ба сар мебарад ва мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки ӯро тавассути Интерпол ҷустуҷӯ мекунанд.