Бино ба хабарҳо, давлати Озарбойҷон сафираш дар Эрон Ҷавоншер Охундовро “барои машварат” фаро хондааст. Ин иқдом дар пайи тасмими Теҳрон аст, ки дар ҳафтаи гузашта сафирашро низ барои машварат аз Боку фаро хонда буд. Сафорати Эрон дар Боку ду рӯз пеш гуфт, мақомоти озарӣ аз вуруди як мақоми аршади Эрон ба ин кишвар пешгирӣ кардаанд. Боку ба навбаи худ аз Эрон хост, то макони ду шоири ҷавони озариро, ки дар Табрез дастгир шуданд, рӯшан кунад.
Равобити Бокуву Теҳрон чанд моҳ боз дар пайи боздошти чанд нафари марбут ба Эрон бо иттиҳоми таҳияи ҳамлаҳо дар Озарбойҷон ва ҳам қаробати бештари Боку бо Исроил, ки рақиби Эрон дар минтақа ба шумор меравад, ба таниш печидааст.