Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ангуру гандум аз тағйири иқлим ба зери бом "мегурезанд"


Дориюш Зитек раҳбари минтақавии "Акт Осиёи Миёна" ҳангоми муаррифии тарҳ дар шаҳри Душанбе.
Дориюш Зитек раҳбари минтақавии "Акт Осиёи Миёна" ҳангоми муаррифии тарҳ дар шаҳри Душанбе.

Ҳомиёни муҳити зист мегӯянд, харҷи сармояи байнулмилалӣ дар Тоҷикистон бояд зери назорат бошад.

Бино бар пешгӯии иқлимшиносон дар даҳ-понздаҳ соли наздик, аксари заминҳои кишт дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба биёбон табдил ёфта, қисме аз онҳо аз "ҷабр"-и бориши зиёд ва селҳои пай дар пай аз саҳро ба гармхонаҳо мекӯчанд, ки бо ёрии созмонҳои байнулмилалӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ бунёд мешаванд. Ҳоло кишоварзон низ ин ҳақиқатро дарк мекунанд, ки иқлим доим якранг намемонад ва бояд ба ҳар пайомад омода буд.

Илҳомҷон Раҷабов сардори маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим дар Муассисаи давлатии обу ҳавошиносии кишвар мегӯяд, таҳлилҳо нишон додаанд, ки то соли 2030 наздик ба 20 дарсади пиряхҳои Тоҷикистон об шуда, талаботи заминҳои кишоварзӣ ба об то 30 дарсад афзун хоҳад шуд: «Баъзе пиряхҳо то 7 километр ва баъзеаш то 5 ва 1 километр об шуда рафта истодаанд. Дар Тоҷикистон аксари заминҳо лалмӣ буда, аз ҳисоби бориш об мегиранд, дар баъзе аз минтақаҳои кишвар бориш коҳиш хоҳад ёфт.»

Вай меафзояд бо офатҳои табиӣ ва баланд шудани сатҳи дарёҳо ҳамасола то 50 километр роҳ тахриб мешавад ва қисмати зиёди заминҳои кишоварзӣ зарар мебинанд. Рупиямоҳ Ҳусайнова, раҳбари хоҷагии деҳқонии «Мир»-и ноҳияи Восеъ, соҳиби 6 фарзанд буда ҳамасола дар беш аз 8 гектар замин пахта ва ғалладона кишт мекард. Ӯ зиёда аз даҳ сар гову мол дорад ва барои ба даст овардани ғизои онҳо имсол дар 4 гектар замин ҷуворимакка коридааст. Аммо дар пайи бориши зиёд, дарёи Сурхоб 4 гектар замини ӯро ба пуррагӣ аз байн бурдааст. Ба гуфтаи хонум Рупиямоҳ, сол аз сол, ғайриинтизор сатҳи Сурхоб баландтар мешавад ва он чун аждаҳои бадхашм ба заминҳои кишти деҳқонони назди соҳил ҳамла мекунад: «Ба як афтондан 3 метр то 6 метр заминҳои лаби ҷарро шуста мебарад. Оби дарё ҳамингуна паҳн гардида, замини мо ҳам нест шуд. Рӯзамонро мо аз ҳисоби кишоварзӣ ва ҷорводорӣ мегузаронем. Гов дорем, гӯсфанд дорем. Як моламонро мефурӯшем ва дигар ниёзҳои худро бароварда месозем. Ҳоло хуроки чорво хеле гарон аст. Кишти ҷуворимаккаамон талаф ёфт, маҷбурем, ки барои чорво акнун хошок харидорӣ кунем.»

Иллати аслии тағйири иқлимро коршиносон дар ихроҷи аз ҳад зиёди газ ё бухорҳои гулхонаӣ медонанд. Давлатҳои сарватманд ва давлатҳои рушд карда, ки дар ихроҷи бухорҳои гулхонаӣ ба фазо саҳми бештар доранд омодаанд саҳми истифоданашудаи давлатҳои камбизоатро харидорӣ кунанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳад, кишварҳое чун Тоҷикистонро бо назардошти осебпазирияшон аз тағйири иқлим ба чунин гардишҳои табиат омода ва мутобиқ бошанд. Барои ин ба кишвар аз соли 2010 то 2015 панҷоҳ миллион доллар ёрӣ расонда мешавад. Бо ин маблағ ҷомеаи Тоҷикистонро мебояд тамоми сохторҳои иқтисодии худ, назири гидроэнержӣ, кишоварзӣ ва обрасониро ба ҳодисаҳои табии наву ғайриинтизор мутобиқ намояд. Барои расидан ба ин ҳадаф барномаи санҷишии мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим амал мекунад.

Дориюш Зитек раҳбари минтақавии "Акт Осиёи Миёна" мегӯяд, онҳо бо ҳамкории шабакаи созмонҳои муҳитзистӣ, раванди масрафоти ин сармоягузориро баҳогузорӣ мекунанд. Ӯ мегӯяд истифодаи нодрурусти кӯмакҳои байнулмилалӣ барои Тоҷикистон пайомади ногувор дорад: «Ин шонси хуб аст, агар маблағи мазкур дуруст ва шаффоф истифода шавад. Мо да ин бора эродҳои худро ба гурӯҳи корӣ пешниҳод кардаем ва аммо, онҳо пурра ба инобат гирифта нашудаанд. Мо хурсанд шудем, ки ба ҷомеаи Тоҷикистон ин маблағро доданд. Аммо мо аз низоми ҳисоботдиҳии шаффоф дар ташвишем. Муҳим аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ садои худро дошта бошад ва тавонад ҷараёни хароҷоти ин маблағҳоро назорат кунад. Ҳоло ин низом вуҷуд надорад. Бояд гуфт, маблағро ҷомеаи ҷаҳонӣ на ба давлат, балки ба ҷомеаи Тоҷикистон додаст. Аз ин рӯ онҳо бояд мӯътақид бошанд, ки он барои мутобиқ шудан ба тағйири иқлим дуруст истифода мешавад.»

Созмони "Акт Осиёи Миёна" барои коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон бо ёрии бунгоҳи рушди Бритониё -- DFID барномаҳои мухталифро дар Хатлону Суғд амалӣ мекунад, зеро ин раванд ба сифати зиндагӣ дар кишварҳои камбизоат бетаъсир нест.

Ҷамила Баротова, корманди созмони «Зан ва замин»-и вилояти Хатлон мегӯяд, бо сабаби он ки зимистони имсола дароз омад, деҳқонон дар гузаронидани кишти барвақтӣ 1 моҳ дер монданд. Аммо онҳое, ки бо кӯмаки «Зан ва замин» гармхонаҳои офтобӣ бунёд карда буданд, дар кишти барвақтӣ муваффақ шудаанд. Дар вилояти Суғд соли ҷорӣ то 70 дарсади ҳосили боғҳои бисёре аз хоҷагиҳои деҳқонӣ коҳиш хоҳад ёфт, мегӯяд Икромҷон Мамадов, корманди созмони «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист»-и шаҳри Хуҷанд. Ӯ меафзояд, ин мушкил боиси рӯ ба муҳоҷират ниҳодани кормандони хоҷагиҳои боғдорӣ мегардад.

Гуфтанист, роҳҳои пешгирӣ аз оқибатҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим моҳи июни соли ҷорӣ дар Рио де Жанейро баррасӣ хоҳад шуд. Дар он намояндагони ҳукумати кишвар ширкат хоҳанд кард ва созмонҳои байнулмилал ширкати намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро дар ин нишаст таъмин хоҳанд намуд.
XS
SM
MD
LG