Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин аз ташдиди муҷозоти эътирозгарон ҳимоят кард


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, аз қонуни зиддунақизе ки ҷарима барои ширкат дар эътирозҳои бидуни иҷозатро 200 маротиба боло мебарад, ҳимоят мекунад. Думаи давлатӣ ин қонунро дирӯз дар қироати аввал тасвиб кард. Путин гуфт, ин қонун бо ҳимояти мардум ва давлат аз аъмоли, ба гуфтаи ӯ, “тундравона” демократияро дар Русия таҳким хоҳад дод. Тарҳи пешниҳодии ҳизби ҳокими Русияи воҳид барои нақзи қонун дар ҷараёни гирдиҳамоиҳо то 1,5 миллион рубл, ё 48 000 доллар, ҷарима муқаррар мекунад. Тарафдорони мухолифин ин ибтикорро маҳкум карда, мегӯянд, ки он ба бақои ҷунбиши эътирозии алайҳи Путин таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG