Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ аз тарҳи бунёди роҳи оҳане, ки кишварашро бо Чину Узбакистон хоҳад пайваст, пуштибонӣ кард. Харҷи ин тарҳ 2 миллиард доллар баровард мешавад. Отамбоев гуфт, Қирғизистон бояд аз ҳамсоягиаш бо Чин сӯд бардорад ва ин роҳи оҳан қисматҳои аз ҳам дури кишварро ба ҳам оварда, ба пайванди бештари минтақа низ кумак хоҳад кард. Аммо ҳаҷми сармояи хориҷии лозим барои сохтани қисмати қирғизии ин роҳ мояи баҳсҳои гарме дар мавриди саҳми Қирғизистон дар таъмини молии иҷрои ин барнома шудааст. Ин дар ҳолест, ки бисёри қирғизҳо нисбат ба ҳузури афзояндаи Чин дар ин кишвар бо ҳассосият нигоҳ мекунанд.