Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурайёи Қосим бо Шабнаму Фарзона рӯи саҳна меояд


Дар акс: Шабнами Сурайё бо модараш Сурайёи Қосим
Дар акс: Шабнами Сурайё бо модараш Сурайёи Қосим

Пас аз таваққуфи тӯлонӣ барномаи ҳунарии Сурайёи Қосим ва духтаронаш - Шабнаму Фарзона баргузор хоҳад шуд.

Ин барномаи ҳунарии Сурайёи Қосим ва духтаронаш дар ҳоле баргузор мешавад, ки чанд соли ахир атрофи номи онҳо сарусадои зиёде чарх мезад. Дар ин муддат хонум Сурайё маризии тӯлониро паси сар кард ва духтари хурдияш Фарзона тақрибан ду соли умри ҷавонашро дар зиндон сипарӣ кард. Шабнам агарчӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон барномаҳои муваффақ дошт, аммо аз телевизионҳои давлатии Тоҷикистон нопадид шуд.

Радиои Озодӣ: Хонум Сурайё, чӣ боис шуд, ки Шумо бо духтаронатон Шабнаму Фарзона барномаи ҳунарии муштарак баргузор намоед?

Сурайёи Қосим: "Медонед, ки ману Шабнаму Фарзона бо иллатҳои мухталиф дар зиндагӣ рӯи саҳнаи тоҷик набаромада будем. Имрӯз шукри Худованд, ки пас аз маризӣ сиҳҳатиям хуб шудааст ва рӯи пой хестам. Фарзона ҳам дар бари мост ва мо ҳама сарҷамъ шудем. Ин баҳонае барои баргузории консерти муштарак буд. Мухлисони худро хеле пазмон шудаем ва бовар дорем, ки мухлисон низ моро хуш пазироӣ кунанд."

Радиои Озодӣ: Оё дар ин барномаи консертӣ ҳунармандони дигари маъруф низ ширкат ва ҳунарнамоӣ хоҳанд кард? Ҳатто сарусадое ҳаст, ки Манижаи Давлат ҳам ширкат мекунад...

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00
Линки мустақим


Фарзонаи Хуршед
Фарзонаи Хуршед
Сурайёи Қосим: "Агар ҳунармандони дигар ширкат мекарданд, хеле шод мешудем. вале ба иллати он ки барномаи ҳунарӣ маҳдуд, яъне ду соат аст ва мо худамон таронаҳо иҷро мекунем, бар изофа гуруҳҳои рақсӣ ҳаст, гуруҳи сиркбозон ҳаст, фикр намекунам, барои таронасароии ҳунармандони дигар имкон фароҳам шавад. Бовар дорам, дар барномаҳои ҷудогонаи ҳар яке аз мо, ки дар ояндаи наздик баргузор карданӣ ҳастем, дигар ҳунармандон ширкат ва сурудхонӣ хоҳанд кард."

Радиои Озодӣ: Дар эълонҳое, ки дар кӯчаҳои Душанбе гузошта шудаанд, таъкид шудааст, ки консерт бидуни сабти телевизионӣ баргузор мешавад. Ин тасмими Шумо буд, ё чизи дигар?

Сурайёи Қосим: "Ҳунарманд бе телевизион ва радио ҳунарманд нест. Ҳамин телевизион ва радиост, ки ҳунармандро мешиносанду гӯш мекунанд. Мо ба хотире, ки ҳар нафар, хусусан наворгирҳои ғайриҳирфаӣ ин барномаи ҳунариро сабт накунанду ғайриқонунӣ ба фурӯш набароранд, чунин навиштаем. Аммо аз сӯи наворбардорҳои профессионалӣ (касбӣ)-и телевизион ин барнома сабт мешавад."

Радиои Озодӣ: Аммо мушоҳида кардаем, ки таронаҳои Шабнаму Фарзона дар телевизионҳои далатӣ пахш намешавад, хусусан дар Наврӯзи соли 2011 таронаи иҷрокардаи Шабнамро дар телевизион намоиш надоданд. Назари Шумо ба инчунин иқдом чист?

Сурайёи Қосим: "Дар ин маврид чизе гуфтанӣ нестам, намедонам."

Радиои Озодӣ: Дар ин барномаи ҳунарӣ ҳар кадоме аз Шумо бо таронаҳои нав рӯи саҳна хоҳед омад?

Сурайёи Қосим: "Бале, ману Шабнаму Фарзона таронаҳои нав омода кардаем, ки дар он рӯз иҷро хоҳем кард. Ман як таронаи наверо бо номи "Шукронаи Ватан" иҷро хоҳам кард. Фикр мекунам, беҳтарин таронаи дар ин авохир эҷодкардаам ҳамин Шукронаи Ватан аст."
XS
SM
MD
LG