Бештари ҳамсӯҳбатони мо ҳузури намояндагони аҳзоби мухолиф дар порлумони Тоҷикистонро ба нафъи кор дониста, мегӯянд, “фикрҳои ба ҳам мухолиф ҳақиқатро рӯи об хоҳад баровард”.
Яке аз онҳо гуфт, “будани намояндагони аҳзоби мухолиф дар порлумон зарар надорад, агар онҳо фақат манфиати ҳизб ва ҷонибдоронашонро пайгирӣ накунанд.” Дар ҳамин замина нафари дигаре ҳам афзуд, “ин дунё ҳамин хел сохта шудааст, ки то зиддияту рақобат набошад, пешравӣ намешавад.”
“Оппозитсия бошад, айби Шуморо мегӯяд, агар надонед, ки айби Шумо чист. Барои ҳамин, ҳузури вакилон аp ҳизбҳои мухолиф лозим аст. Дар давраи Шӯравӣ яккаҳизбӣ буд, аммо адолат буд. Ҳоло адолат нест”,-бовар дорад дигарӣ.
Аммо дар ин миён онҳое низ ҳастанд, ки мухолифи ҳузури вакилон аз ҳизбҳои ба қавле оппозитсионӣ дар порлумони кишвар мебошанд. Як ҳамсӯҳбати ҷавони мо ба ин назар аст, ки “бояд намояндагони аҳзоби мухолиф дар порлумон набошанд.” Зеро ба бовари ӯ, будани назарҳои мухолиф корро мушкилтар карда, ваҳдати андешаро аз миён хоҳад бурд. Чандеи дигар ҳам аз мавқеи ин ҳамсӯҳбати мо пуштибонӣ карданд.
Сафи он назардиҳандагоне ҳам кам набуд, ки танҳо бо рӯй гардондан аз микрофон иктифо мекарданд ва ё мегуфтанд, ки:
-Мумкин бошад;
-Намедонам;
-Ин хел масъалаҳоро намефаҳмам;
-Ҷавоб надорам.
Ин навори видеоро бубинед ва бинависед, ки ба назари Шумо будани вакилон аз ҳизбҳои мухолиф дар порлумони Тоҷикистон то куҷо зарур аст.
Аксари курсиҳои порлумони Тоҷикистон дар ихтиёри намояндагони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократист, ки дар садри он Эмомалӣ Раҳмон меистад. Ҳизби коммунист ва Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар порлумон дунафарӣ намоянда доранд. Ҳамчунин, намояндагони Ҳизби аграрӣ (кишоварзӣ) ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ низ соҳиби курсиянд. Вале мушоҳида мешавад, дар баррасии масъалаҳои муҳим дар порлумон овози ин афрод нақши муҳим намебозад.