Бино бар хабарҳо, дар Тоҷикистон намоиши филми Саша Барон Коэн -- “Диктатор” манъ шудааст. Сардори шӯъбаи литсенсионии муассисаи кино ва видеои “Тоҷиккино” Акбар Шарифов гуфтааст, ҳар кинотеатре, ки филми “Диктатор”-ро намоиш медиҳад, ҷарима хоҳад шуд, зеро он иҷозаи намоишро аз “Тоҷиккино” нагирифтааст. Намояндаи ягона ширкати дистрибютории “Тантана”-и Тоҷикистон низ ба хабаргузории РИА “Новости” гуфтааст, ин филмро бо назардошти “менталитети аҳолӣ” ба Тоҷикистон наовардааст. Намоиши филми “Диктатор” аз ин пеш дар Туркманистон манъ шуда буд. Дар ин филми танзомез Коэн раҳбари яке аз кишварҳои арабиро мебозад, ки бо баҳои ҷон талош мекунад, демократияро ба кишвараш роҳ надиҳад. Нахустнамоиши филм дар Русия 17-уми май ҷараён гирифт. Ҳамин ҳафта дар Тоҷикистон чанд сериали пурбинандаи туркӣ низ мамнӯъ эълон шуданд.