Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши эҳёи Фронти халқӣ дар Тоҷикистон


Қувваталӣ Муродов
Қувваталӣ Муродов
Як гурӯҳи фармондеҳони собиқи Фронти халқӣ мехоҳанд, ин гурӯҳи шибҳанизомиро, ки дар соли 1992 Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат расонд, эҳё кунанд, вале ин бор ҳамчун созмони ғайримусаллаҳи сиёсӣ. Қувваталӣ Муродов, аз мубтакирони ташкили “Фронти халқии бидуни силоҳ” ба Радиои Озодӣ гуфт, як ҳадафи онҳо муколама бо аҳзоби гурӯҳҳои дигар ба хотири пешбарии номзади воҳиди мухолифин дар интихоботи соли ояндаи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон аст. Фронти халқӣ ба раҳбарии Сангак Сафаров дар соли 1992 алайҳи ҳукумати муросои миллӣ ҷангид ва соли 1993, дар пайи ташкил шудани артиши миллии Тоҷикистон пароканда шуд.
XS
SM
MD
LG