Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хомӯшии аҳзоб дар баробари даъвати Фронти халқӣ


Гурӯҳе аз раҳбарони собиқ Фронти халқии Тоҷикистон тасмим доранд созмоне таҳти унвони «Фронти халқии бидуни силоҳ»-ро таъсис диҳанд.

Кувваталӣ Муродов, подполковник ва собиқ сарвари хадамоти тиббии ин ҷабҳа мегӯяд, эҳёи дубораи Фронти Халқӣ дар шакли ҳаракати сиёсӣ ба хотири гирдиҳам овардани нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон дар арафаи интихоботи президентии соли 2013 аст: «Моро ба сиёсат ҳамон солҳо чӣ оварда буд? Буданд «Растохез» - у чандин ҳизбу ҳаракати дигар. Ҳамон соли 1992 такрор шуда истодааст. Ҳоло ҳам дар дохилу хориҷ созмону ҷунбишҳои гуногун ба вуҷуд меоянд. Аммо мо мехоҳем, ки бо ҳама ҳизбу ҳаракатҳо якҷо шуда, бидуни силоҳ, балки ба таври демократӣ фаъолият кунем. Роҳе, ки имрӯз Тоҷикистон пеш гирифтааст, дуруст нест.»

Фронти халқии Тоҷикистон соли 1992 аз сӯи Сангак Сафаров ба хотири муқовимат бо Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ва мухолифини демократу исломӣ ташкил шуда, соли 1993 дар пайи ба қудрат расидани ҳукумати Эмомалии Раҳмон расман пароканда ва дар заминаи он Артиши миллии Тоҷикистон ташкил шуд. Аксари афроди саршиноси ин ҷабҳа, аз ҷумла размандагон, фармондеҳон ва раҳбарони сиёсӣ тайи 20 соли ахир нобуду зиндонӣ ва ё ба ҳошия андохта шуданд. Иддае ҳам дар ҳукумати имрӯз фаъолият мекунанд.

Қувваталӣ Муродов мегӯяд, ҳукумати имрӯзи Тоҷикистон, ки дар пайи ҷонбозиҳои Фронти халқӣ сари кор омада буд, интизориҳои ӯву ҳамфикронашро бароварда накард. Вай афзуд, онҳо ҷонибдори кишвари якроҳбара нестанд ва дар интихоботи президентии соли 2013 аз ҳар номзади арзанда ҷонибдорӣ хоҳанд кард, ба ҷуз номзади ҲХДТ.

Аммо Иброҳим Исмоилов, раҳбари Гвардияи миллии Кӯлоб, ки заминаи таъсисёбии Фронти халқӣ буд, мегӯяд, ҳамчунин нафареро ба номи Қувваталӣ Муродов шахсан намешиносад ва аз эҳё шудани ҷабҳаи собиқ хабар надорад, аммо омода аст, ки бо ин гурӯҳ ба гуфтугӯ нишинад: «Мо аз ҳукумат норозӣ нестем. Аммо аламовар он аст, ки касе моро намепурсад ва ба ёд намеорад. Бо вуҷуди ин, Гвардияи миллии Кӯлоб, бо сарварии ман тарафдори ҳамин ҳукумат буд ва то охир мемонад. Мо намехоҳем, ки ҳукуматро каси дигар гирад. Ҳамеша барои дифоъ омодаем.»

Сӯҳбатҳо аз эҳёи Фронти халқӣ дар ҳолест, ки тайи чанд моҳи ахир ба хотири ширкат дар интихоботи президентии соли 2013 дар Тоҷикистон чанд созмону ҳаракат аз худ дарак доданд ва ҳам аҳзоби сиёсӣ ҳарф аз номзади ягона мезананд. Аммо фаъолияти онҳо танҳо дар ахбори расонаҳову шабакаҳои интернетӣ ва ҳам аз дохилу хориҷ ба қишри маҳдуди ҷомиа мерасад.

Коршиносон талоши зуҳури дубораи Фронти халқиро, ки дар солҳои ҷанг ду кишвари ҳамсоя Узбакистон ва Русия аз он пуштибонӣ карда буданд, ҷиддӣ намешуморанд ва мегӯянд, гумон аст, ки кадом кишваре аз пайи эҳёи дубораи ин гурӯҳ бошад.

Аҳмади Иброҳим, коршиноси тоҷик
Аҳмади Иброҳим, коршиноси тоҷик
Раҳбарони ҲНИТ ва ҲСДТ дар сӯҳбат нахостанд, ки ба суоли «оё бо Фронти хадқии бесилоҳ ҳамкорӣ мекунед?» посух диҳанд. Як аъзои ҲНИТ изҳор дошт, ки Фронти халқӣ агар "малоика шавад ҳам", қабул надорад. Посухи дигар аҳзоби сиёсӣ ҳам хомӯшӣ буд.

Бо назардошти он, ки Фронти халқии Тоҷикистонро бештар зодагони вилояти Хатлон ва водии Ҳисор ташкил медоданд, Аҳмади Иброҳим, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, ин ташаккул заминаҳои мардумии худро аз даст додааст: «Фронти халқии Тоҷикистон зарурати замони худ буд. Тавре ки барои ҷамъоварии пахта ҳоло ситод ташкил мекунанд, он замон ҳам ин ситод рӯи кор омад. Чун ниҳоди низомӣ ва тарҳи муваққатӣ буд, зуд пош хӯрд ва аз нав ба по хестани он имкон надорад.»

Дар посухи ба ин суол, ки «боз кадом афроди саршиноси гузашта дар Фронти халқии ҷадид хоҳанд буд?», Қувваталӣ Муродов гуфт, то рӯзи сабти ном шудан ин иттилоъ махфӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG