Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози 65-умин ҷашнвораи синемои Канн дар Фаронса


Дар 65-умин ҷашнвораи Канн, дар Фаронса, як филми эронӣ бо филми беларусӣ барои ҷоизаи асосӣ рақобат хоҳанд кард. Филми “Гӯё ошиқ” аз ҷониби коргардони машҳур Аббоси Каёрустамӣ дар Ҷопон таҳия шуда, достони занест, ки бо сабукпоӣ харҷи таҳсили худро мебарорад ва яке аз муштариёнаш, академики пир ба ӯ дил мебандад. Филми беларусии “Туман”-и Сергей Лознитса дар асоси ҳикояи нависанда Васил Биков таҳия шуда, рӯйдодҳои давраи ҷангии ҷаҳонии дувумро дар бар гирифтааст. Ин бор дар озмуни Канн ҳамчунин як филм аз Қазоқистон ширкат дорад. Коргардон Дарежан Омирбоев бо номи “Студент” филмеро бар пояи қиссаи “Ҷиноят ва ҷазо”-и Федор Достоевский таҳия намудааст. Ҷашнвора то 27-уми май идома мекунад.
XS
SM
MD
LG