Раҳбари Конгресси ҷаҳонии уйғурҳо ҳукумати Чин пайваста талош дорад, уйғурҳоро дар вилояти Шинҷону Уйғур ба зӯрӣ ассимилятсия ва дар байни чиноиҳо ҳал кунад. Дар суханроние дар Токио, Робия Қодир аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, на танҳо ба тиҷорат бо Чин, балки ба вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар низ таваҷҷӯҳ кунад. Уйғурҳо мардуми туркзабони Шинҷон ва манотиқи бо он ҳаммарзи Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон, Русия ва Афғонистон, шумораи онҳо наздик ба 9 миллион нафар аст.