Сафҳаи ҳаҷвӣ бозтоби матолиби барномаи радиоии "Корвони ханда" мебошад, ки наздик ба як моҳ пеш оғоз ёфт ва шунавандагони худро пайдо кард. Ҳар бахш аз ин барнома ҷанбаъҳои гуногуни ҳаёти имрӯзро аз паси айнаки ҳаҷву танз мебинад ва агар дар "Сӯҳбати дӯстон" масъалаҳои гуногун бо коршиносону мутахассисони ҳаҷв баррасӣ шаванд, дар гӯшаи "Во аҷабо!" бештар изҳори ҳайрати бетарафона мешавад, ки имрӯз дар дунё чӣ чизҳое иттифоқ намеафтад.
Матолиби гӯшаи "Танз" дар барномаи радиоӣ ва ҳам сафҳаи махсуси "Корвони ханда" бо истифода аз ҳаҷву хушгӯӣ ё тақлид на танҳо масъалаҳои рӯзгор, балки ҷиддитарин мавзӯъҳои марбут ба сиёсат низ гуфтугӯ мешаванд. Аммо рӯйдодҳои хандаовар ва нодир дар бахши "Ҷадид-ул-латоиф" ба ҳайси латифаҳои замони мо гирдоварӣ хоҳанд шуд.
"Хат ғалат, имзо ғалат" шакли тағйирхӯрдаи "хат ғалат, маъно ғалат" аст ва дар он иштибоҳҳои хандаовари матбуотро метавон хонд. Ба монанди "зарари манфии қонуни муҳоҷират" ё ронандаи мошини худрав". Агар шоҳиди чунин "нозукбаёниҳо" шудаед ва ҳатто дар торнамои мо, лутфан, барои ин гӯша бинависед, то ҳамроҳ бихандем ва дигар чунин иштибоҳ накунем.
Муҳимтар аз ҳама ин сафҳа аз они Шумо ва барои Шумост ва агар акси хандаоваре доштед ё латифаи наве шунидед, метавонед бо истифода аз сафҳаи ирсоли матолиб онҳоро зуд ба "Корвони ханда" бифиристед, зеро ин корвон на бо садои ҷарасу зангӯлаҳо, бо садои хандаҳои баланду давомдор ба пеш ҳаракат мекунад. Ҳамчунин метавонед, видеоҳои ҷолибу нотакрор ва ҳайратоварро ба ин сафҳа фиристед, то ки онҳоро даҳҳо ҳазор нафари дигар низ бубинанд.
Ханда умри инсонро дароз мекунад ва ҳаҷв мушкилҳои ногуфтаниеро ба таври нозук дар миён мегузорад. Шояд дар миёни Шумо ҳаҷвнигорону ҳунарпешагони хубе ҳастанд, ки бо барномаи "Корвони ханда" ҳамкорӣ кунанд ва дар дароз кардани умури ҳазорон нафар бо ханда ё ҳатто бигзор лабханд, саҳму савобе бигиранд.
Барои боз кардани сафҳаи ҳаҷву танз ҳамин ҷумлаи кабудрангро "ангушт занед" ва аз аввалин хонандагону шарҳнависону ҳамкорони сафҳаи нав бошед.