Дирӯз бори аввал дар таърихи Миср баҳси телевизионӣ миёни ду довталаби мақоми президентӣ - собиқ вазири умури хориҷӣ Амр Мусо ва номзади гурӯҳҳои мӯътадили исломӣ Абдул Мунайм Абдулфаттоҳ баргузор гардид.
Даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Миср рӯзҳои 23 ва 24 май доир хоҳад шуд. Дар сурати раъйи зарурӣ нагирифтани яке аз номзадҳо, рӯзҳои 16 ва 17 июн ду довталаби раъйҳои бештарро соҳибшуда барои курсии президентӣ сабқат хоҳанд кард.
Барои мақоми олии Миср 13 нафар довталабанд. Интизор меравад, ки баъд аз интихоби раисиҷумҳур Шӯрои олии низомӣ қудратро дар ихтиёри ӯ қарор диҳад.
Раисиҷумҳури пешини Миср Ҳуснӣ Муборак бар асари эътирозҳои густурдаи мардумӣ моҳи феврали соли гузашта ба истеъфо рафт.