Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малайзия дар Исфара нерӯгоҳи ҳароратӣ месозад?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати энержӣ бо як ширкати малайзиягӣ ёддошт дар бораи бунёди нерӯгоҳи ҳароратӣ дар Исфараро имзо кард.

Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон бо ширкати HOS International Trading-и Малайзия барои бунёди як нерӯгоҳи ҳароратӣ дар ноҳияи Исфара ёддошти ҳусни тафоҳум имзо кардааст.

Гуфта мешавад, ин нерӯгоҳ бо иқтидори 300 мегаватт дар шаҳраки Шӯроби Исфара сохта шуда, бо истифода аз ангишти маҳаллӣ фаъолият хоҳад кард. Ин нерӯгоҳи ҳароратӣ дар як шабонарӯз ба 2 ҳазор тонна ангишт ниёз доштааст.

Аммо сармоя барои бунёди нерӯгоҳ, замон ва шеваи иштироки HOS International Trading-и МАлайзия ҳанӯз эълон нашудааст. Зимнан, ин ширкат бо имзои як ёддошти дигар бо вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати иштирок дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна дар кишвар баён доштааст.

Бобоҷони Икром, таҳлилгари тоҷик, бунёди нерӯгоҳи ҳароратӣ дар минтақаи Исфара, ҳаммарз бо Узбакистону Қирғизистонро, ки аз нерӯи барқ танқисӣ мекашад, муҳим донист. Вай гуфт, "дар канори шаҳраки Шӯроб кони бози ангишт низ вуҷуд дорад, ки истифода аз он хеле осон ва арзон аст. Инчунин, дар Исфара сулолаҳои ангиштканон зиндагӣ мекунанд ва насли имрӯзии онҳо дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия таҳсил дида, ба зодгоҳашон баргаштаанд, вале ҳоло бекор ҳастанд. Барои онҳо ҳам ҷойҳои нави корӣ фароҳам мешавад."

Кони ангишти Шӯроб дорои захираи ҳудуди 145 миллион тонна ангишт аст, ки аз умқ (чуқурӣ)-и 500 метр берун оварда мешавад. Дар даврони Шӯравӣ дар ин кон солона то 1 миллион тонна ангишт истеҳсол карда мешуд. Ҳоло ин рақам то 10 ҳазор тонна коҳиш ёфтааст.

Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта барномаи эҳёи шаҳраки саноатии Шӯроб ва фаъол кардани кони ангишти он бо 100 миллион сомонӣ, муодили беш аз 20 миллион доллари амрикоӣ таҳия карда буд.

Аммо тасмим барои бунёди як нерӯгоҳи ҳароратӣ дар Исфара дар ҳоле гирифта шудааст, ки дар як ҷаласаи порлумонӣ Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси Намояндагон бо вазири энержӣ Гул Шералӣ ворид баҳс шуд. Вай аз вазорат интиқод кард, ки дар чанд соли ахир натавонистааст як нерӯгоҳи ҳароратӣ бунёд кунад.
XS
SM
MD
LG