Як ҳавопаймои русии навъи «Sukhoi Superjet 100” бо 46 сарнишин дар ҷануби Ҷакарта – пойтахти Индонезия- аз экрани радарҳо ғайб задааст. Мақомоти Индонезия мегӯянд, ҳанӯз маълум нест, ки оё ин ҳавопаймо суқут кардааст ё хайр. Амалиёти ҷустуҷӯи ҳавопаймо идома дорад. Ҳавопаймо, ки то 100 мусофирро мегунҷонад, дар чаҳорчӯби силсиласафари Осиёаш парвози намоишӣ анҷом медод. “Superjet 100” бори аввал дар соли 2008 ба бозор даромад ва нахустин парвозашро соли гузашта барои ширкати армании “Armavia” анҷом дод.