Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ имрӯз дар Кохи Елисей барои бори охир ба ҷаласаи ҳукуматаш раисӣ кард. Дар ин ҷаласа бо ширкати 32 узви кобинаи Франсуа Фийон фаъолияти кобина дар 5 соли охир натиҷагирӣ шуд. Саркозӣ дар ин нишаст ба Франсуа Ҳолланд, ки ҷойгузини ӯ дар мақоми раёсати ҷумҳурии Фаронса хоҳад шуд, комёбӣ орзу кард. Ҳолланд рӯзи 15 май ба ин симат хоҳад нишаст ва бино ба хабарҳо, ба симати сарвазирӣ зоҳиран мушовири вижааш Жан-Марк Ауроро пешбарӣ хоҳад кард.