Мақомоти Тоҷикистон қатъ ё тавқиф шудани ташхиси тарҳи нирӯгоҳи Роғун аз сӯи Бонки ҷаҳониро радд кард. Мудири кулли сохтмони ин нирӯгоҳ Хайруллоҳ Сафаров ба Радиои Озодӣ гуфт, бозрасии асноди фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии тарҳи Роғун аз сӯи коршиносони хориҷӣ ҳамчунон идома дорад. Ӯ хабарҳо дар бораи тавсияи ин коршиносон ба пасттар кардани баландии сарбанди Роғун аз 335 метрро низ бепоя номид.
Тоҷикистон дар паи мухолифати кишварҳои поёноб, бахусус Узбакистон, ба эҳдоси нирӯгоҳи Роғун ба ташхиси тарҳи ин нирӯгоҳи барояш ҳаётан муҳим аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ ризоият дод. Қарор аст, ин ташхисҳо то поёни сол анҷом шаванд.