Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқоти Гран-При дар Кавасакии Ҷопон соҳиби ҷои аввал шуд. Дилшод Назаров гурзашро дар ин сабқат ба масофаи 77 метру 34 сантиметр андохт, ки назар ба рақиби аслиаш Павел Файдек аз Лаҳистон 1 метру 3 сантиметр болотар аст. Ҷои севумро дар Кавасакӣ Маркус Эссер аз Олмон ба даст овард. Дилшод Назаров ҳанӯз соли гузашта соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Лондон шуда буд.