Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрди норозиён ва полис дар Маскав


Бо шиорҳои "Русияи бидуни Путин" дар тазоҳуроти Маскав 5 то 20 ҳазор нафар ширкат кардаанд.

Баъд аз он ки ширкаткунандагони тазоҳуроти 20-ҳазорнафара дар Маскав сафи полисро шикаста, аз маҳалли иҷозашудаи тазоҳурот ба самти Кремл ҳаракат карданд, байни онҳо ва полис даргириҳо ба амал омад. Сарони мухолифон Иля Яшин ва Борис Немтсов хабар доданд, ки полис дар муқобили тазоҳуркунандагон аз гази ашковар истифода кардааст.

Бино бар хабарҳои дигар, полис, зоҳиран ҳангоми шикаста шудани хатти назорати худ аз калтакҳо низ кор гирифтааст. Гурӯҳи 50-нафарии тазоҳуркунандагон дар берун аз доираи иҷозашуда ба замин нишастаанд ва аз иҷрои талаби полис ба тарки макон саркашӣ мекунанд. Бино бар хабарҳо, сарони мухолифон Яшин, Сергей Удалтсов ва Алексей Навалний дар байни мӯътаризонанд. Ин тазоҳурот бо эътирози аз давраи савуми президентии Владимир Путин барпо шудааст.

Қарор аст маросими савганди Владимир Путин барои давраи савуми президентӣ рӯзи 7-уми май баргузор шавад. Теъдоди тазоҳуркунандагон дар байни 5 то 20 ҳазор нафар тахмин зада мешавад. Дар раҳпаймоии пешинаи мухолифон дар майдони "Новий Арбат"-и Маскав як моҳ пеш зери шиори "Русияи бидуни Путин" то 30 000 нафарро гирд омада буданд. Онҳо натиҷаҳои интихоботи президентиро дуруӯғ номида, хостори баргузории интихоботи нав шуданд.

Рӯзи 6-уми май дар муқобили тазоҳуркунандагон даҳҳо нафар аз фаъолони тарафдори Кремл дар либосҳои хандаовар тазоҳуркунандагонро ҳадафи тамасхур ва ҳамла қарор медиҳанд. Мухолифон мегуфтанд, ҳадаф доранд, як миллион нафарро ба майдон бароранд. Мақомоти расмӣ ба ин маърака иҷозат дода, вале шумораи ширкаткунандагони онро ба 5 000 нафар маҳдуд карданд.

Раҳпаймоиҳои ҳимоят аз ин ташаббус дар дигар шаҳрҳои Русия низ баргузор шуд. Дар Томск 150 нафар дар маркази шаҳр раҳпаймоӣ карданд. Дар Владивосток ва Хабаровск шаш нафар барои тазоҳуроти беиҷозат боздошт шуданд. Даҳҳо нафар дар Кемерово гирдиҳамоӣ доир кардаанд. Дар ин байн тарафдорони Путин дар Поклоная Гораи Маскав ҷамъ омаданд, то солгарди таъсиси Ҷабҳаи халқии Русияро ҷашн гиранд. Мақомот гуфтаанд, барои ин ҷамъомад иҷозат зарур нест.

Хабар мерасад, ки дар Маскав чанд нафар аз тазоҳуркунандагон боздошт шудаанд. Дар ҳамин рӯз чанде аз расонаҳоио ахбори ом, ба монанди рӯзномаи “Коммерсант” ва радиои “Эхо Москви” хабар додаанд, ки торнамоҳои онҳо ҳадафи ҳамлаҳои густардаи интернетӣ қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG