Иттиҳодияи пахши барномаҳои Аврупо Арманистонро ҷарима кард, зеро ин кишвар нахост намояндаи худро барои ширкат дар озмуни таронаҳои Евровидение ба Боку бифиристад. Ин иттиҳодия гуфтааст, ҳанӯз ҳам Арманистон метавонад маблағи ширкатро пардохт ва дар ин озмун ширкат кунад. 50 дарсади иловагии ин маблағ ҷарима хоҳад буд. Ҷузъиёт дар бораи маблағ дода нашудааст. Саркашии Арманистон аз ширкат ангезаҳои сиёсӣ дорад ва ба муносиботи миёни ду кишвар роҷеъ ба Қарабоғи кӯҳистонӣ иртибот мегирад.