Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Албания ба таҳқиқи қочоқи аъзои бадан роҳ мекушояд


Албания тарҳи қонунеро таҳия кардааст, ки ба таҳқиқи таҳти раҳбарии ИА дар қиболи гумонҳое, ки гӯё чирикиҳои албанитабор дар солҳои ҷанги Косово аъзои бадани маҳбусонро мефурӯхтанд, роҳ хоҳад кушод. Сарвазири Албания Солеҳ Бериша гуфт, ин тарҳ, ки интизор меравад, то поёни ҳафта аз сӯи парлумон тасвиб шавад, фаъолияти муфаттишони байналмилалӣ дар қаламрави Албанияро иҷозат хоҳад дод. Гузоришгари Шӯрои Аврупо Дик Мартӣ дар гузориши ду сол пешаш фармондеҳони аршади чирикиҳои Артиши озодии Косоворо ба даст доштан дар қочоқи аъзои бадани маҳбусони умдатан серб гумонбар донист. Косово ва Албания ин иттиҳомро радд мекунанд. ИА барои таҳқиқи қазия ба раҳбарии додситони амрикоӣ Ҷон Клинт Виллямсон як гурӯҳ ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG