Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кадом хислатҳои инсон бароятон писанд аст?


Ба ақидаи равоншиносони имрӯза инсон бад ё нек намешавад, балки метавонад, хислатҳои бад ё нек дошта бошад.

Дар ҳолатҳои гуногун ҷамъи ин ё он хислатҳои инсон бартарӣ пайдо мекунанд ва ӯ дар назари дигарон бад ё нек намудор мешавад. Аммо шояд чанд хосияте ҳастанд, ки пойдевори характери шахсро муайян мекунанд.

Устоди шоирони Шарқ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ суруда, ки боистӣ киштие сохт аз накӯкорӣ ва оҳангсози машҳури Ғарб Людвиг ван Бетҳовен мегуфт, “ҳеҷ накӯиеро бартар аз меҳрубонӣ вонахӯрдааст.” Аммо шӯхии маҳфилу хиёбонҳои Душанбе имрӯз ин аст, ки “агар ту бадие намекунӣ, пас нек ва меҳрубон ҳастӣ.” Ин ишора ба андарзи дигар аст, ки инсон бояд дар ҳама ҳолат неку меҳрубон боқӣ бимонад, чӣ замони ғаму андӯҳ ва чӣ дар давраи хушбахтию хурсандияш.

Некию меҳрубонӣ дар забони мардуми мо аксаран дар вожаи “инсонгарӣ” таъвам гаштааст ва беҳуда нест, ки ба пурсиши “Кадом хислатҳои инсон бароятон писанд аст?” нахустин посухдиҳанда ин калимаро ба забон меорад.

Хислату хосияти дигари одамӣ низ дар ин видео аз забони раҳгузарони гуногун садо медиҳанд ва яке “баинсофӣ”-ро беҳтарин кирдор мешумораду дигаре “заҳматкашӣ”-ро. Вале ба сурати умум аз лобалои ин андешаҳо шояд мушкилоту нобасомониҳои асосии ҷомеа рух менамоянд. Шояд хислатҳое беш аз ҳама номбар мешаванд, ки дар ҷомеаи имрӯза то рафт камтар мешаванду мардум зиёдтар аз ҳама ташнаи онҳост?

Пурсиши навбатии видеоии моро бубинед ва агар шавқ доред, ба ин суолҳо посух диҳед. Ва ҳам худ бигӯед, ки кадом хислатҳои инсон бароятон писанд асту кадом писанд нест.


Кадом хислатҳои инсонӣ бароятон писанд аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00
XS
SM
MD
LG