Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Шикасти Ал-Қоида наздик шудааст


Ба эътиқоди Обама, даврони ҷанг дар Афғонистон ба поён мерасад ва шикасти Ал-Қоида ҳам наздик аст.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар пойгоҳи Багром гуфт, даврони ҷанг дар Афғонистон ба поён мерасад ва шикасти Ал-Қоида наздик шудааст. Обама дар паёмаш гуфт, хатми ҷанги Ироқ ва наздик шудани поёни ҷанг дар Афғонистон “имкон дод, ки мо уфуқҳои наверо дар пеш бубинем.” Ӯ аз Толибон даъват кард, хушунатро маҳкум карда, ба раванди музокироти сулҳ бипайванданд.

Обама ва ҳамтои афғонаш Ҳомиди Карзай қаблан дар Кобул ба паймони мушорикати стротегии ду кишвар имзо гузоштанд. Барак Обама дар расми имзои ин санад дар Кобул гуфт, “на мардуми Амрико ва на мардуми афғон хостори ҷанг набуд, вале 10 сол боз ҳарду дар канори ҳам истодаанд.”

Ӯ афзуд: “Имрӯз бо имзои Паймони мушорикати стротегӣ мо ба ояндаи сулҳомез нигоҳ мекунем. Мо якҷо пешрафти зиёд кардем. Мо дар мавриди таҳти назорати Афғонистон гузоштани боздоштгоҳҳо ба тавофуқ расида, раҳбарии амалиётҳои вижаро ба афғонҳо вогузор
Карзай ва Обама созишномаи ҳамкориҳои стратегиро имзо карданд
Карзай ва Обама созишномаи ҳамкориҳои стратегиро имзо карданд
кардем. Ва мо имрӯз тавофуқ мебандем, ки дар роҳи набард бо терроризм ва тамрини нирӯҳои амниятии Афғонистон барои таҳкими ниҳодҳои демократӣ ва ҳимоят аз рушд ва дифоъ аз ҳуқуқи инсонии тамоми афғонҳо шарикони дарозмуддат бошем. Бо ин паймон, мардуми афғон ва ҷаҳон бояд бидонанд, ки Афғонистон дар Амрико дӯст ва шарик дорад.” Обама ба Карзай ҳамчунин гуфт, “рӯзҳои мушкиле ҳанӯз дар пешанд”, вале изҳори итминон кард, ки “нирӯҳои афғон қавитар хоҳанд шуд ва мардуми Афғонистон ояндаашро ба дасти худ хоҳад гирифт.”

Ин қарордод, ки дар пайи чандин моҳи баҳсу музокироти тарафайн ниҳоӣ шуд, шароити равобити Вошингтону Кобул дар пайи хуруҷи нирӯҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистон дар поёни соли 2014-ро мушаххас карда, нақши Амрикоро аз як тарафи хориҷӣ дар ҷанги Афғонистон ба шарики қавии Кобул иваз мекунад.

Паймони стротегӣ танҳо шароити ироаи кумакҳои низомиву молии Амрико ба Кобулро дар бар гирифта, кадом ишорае ба идомаи ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон надорад. Вале ин санад ба Амрико иҷозат медиҳад, нирӯҳояшро баъди ҷанг ҳам дар Афғонистон ба хотири тамрини нирӯҳои маҳаллӣ ва амалиёт алайҳи афроди Ал-Қоида, ки умдатан дар Покистон макон гирифтаанд, нигоҳ дорад. Ташреҳоти Кохи Сафед пиромуни ин паймон ба ин нукта таъкид мекунад, ки Вошингтон “дар пайи истиқрори пойгоҳҳои низомии доимӣ дар Афғонистон нест.”

Паймони стротегӣ кадом ҳаҷми мушаххаси ёриҳои Вошингтонро ҳам муқаррар намекунад, вале дар пайи хуруҷи 87 000 сарбози Амрико пуштибонии молӣ барои тамрину таъмини нирӯҳои афғон ва дар соҳоти иқтисодиву иҷтимоиро ба Кобул ваъда медиҳад.

Тарҳи ниҳоии Қарордоди мушорикати стротегиро 10 рӯз пеш мушовири амнияти миллии раисиҷумҳури Афғонистон Рангин Додфар Спанто ва сафири Амрико дар Кобул Раян Крокер расмӣ карданд. Спанто баъди муаррифии тарҳи ин паймон дар парлумон гуфт, ин паймон имкон хоҳад дод, то Афғонистон "рӯи поҳои худ истод шавад." Ин паймон бояд акнун аз сӯи парлумони Афғонистон ва Конгресси Амрико ҳам тасвиб шавад.

Обама шоми сешанбе бо як сафари аз қабл эълонношуда вориди Афғонистон шуд. Ҳавопаймои ӯ дар фурудгоҳи Багром нишаст ва сипас Обама тавассути чархбол барои имзои паймони стротегӣ ба Арки раёсатҷумҳурии Карзай парвоз кард. Интизор меравад, Обама алакай имрӯз баргардад ва дар Амрико суханронӣ кунад. Намояндагони Кохи Сафед ба рӯзномаи “The New York Times” гуфтаанд, сафари Барак Обама як навъ аломат додан аст, ки Амрико Афғонистонро баъди хуруҷи нирӯҳои ҷангиаш танҳо нахоҳад гузошт.

Усома бин Лодин то замони кушта шуданаш дар як соли пеш дар ҳамин манзил зиндагӣ мекард
Усома бин Лодин то замони кушта шуданаш дар як соли пеш дар ҳамин манзил зиндагӣ мекард
Замони интихобшуда барои сафари ӯ низ хеле рамзист ва дуруст дар солгарди аввали қатли раҳбари Ал-Қоида ва фармоишгари ҳамлаҳои 11 сентябр Усома Бин Лоден сурат гирифт. Бин Лоден 2 майи соли 2011 дар амалиёти махфие аз сӯи нирӯҳои вижаи Амрико дар манзилаш дар шаҳри Аббатободи Покистон кушта шуд. Ҳанӯз пеш аз сафар ба Афғонистон, Обама гуфт, солгарди қатли Усома, фурсати ёдоварӣ аз он аст, ки Иёлоти Муттаҳида сазои касеро дод, ки бештар аз 3 000 инсонро куштааст.

Дар ин як сол равобити Вошингтону Кобул давраи пурчолишеро пушти сар гузошт, ки ҷавви ҳокимашро нафақат набарди муштарак алайҳи Толибону Ал-Қоида, балки ҳаводиси моҷаробарангезе, чун сӯзондани китобҳои “Қуръон” дар пойгоҳи Амрико дар Багром ва кушта шудани 17 мулкӣ бо дасти як сарбози амрикоӣ дар канори Қандаҳор низ таъйин мекард. Карзай дар паи ин ҷанҷол ҳатто ба хуруҷи зудтари нирӯҳои Амрико аз Афғонистон даъват карда буд. Вале дар ниҳоят аз сӯи Карзай ва Обама имзо шудани паймони мушорикати стротегӣ ҳокист, ки риштаҳои пайванддиҳандаи давлати Карзай бо муттаҳиди асосиаш дар Ғарб хеле муҳкамтар аз ин чанд моҷарост.

Сафари Обама дар солгарди қатли бен Лодин
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:44 0:00
XS
SM
MD
LG