Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунира Шаҳидӣ: "Мактаби ҷаззи тоҷикӣ шакл мегирад"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

ЮНЕСКО – идораи илму фарҳанги СММ- имрӯз барои бори нахуст Рӯзи байналмилалии мусиқии ҷаззро барпо мекунад.

Ҳадаф аз ин маърака ошноии бештар бо ин навъи мусиқӣ буда, Рӯзи ҷаз дар анҷумани моҳи ноябри ЮНЕСКО тасвиб шуда буд. Қарор аст, имрӯз дар толори Маҷмаъи умумии СММ дар Ню-Йорк бо ширкати аз ҷумла Анҷелик Кидҷо, Винтон Марсалис ва Муғ Масекела як консерти бузург доир шавад.

Дар Тоҷикистон ҳам ин рӯз бо баргузории ҷашнвораи байналмилаллии ҷазз таҷлил шуд, ки дар он ҳунармандон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат ва мусиқии ҷаззро дар омезиш бо навоҳои анъанавии кишварҳои худ пешкаши мухлисон карданд. Бояд гуфт дар Тоҷикистон ба фарқ аз равиявҳои мусиқии попу реп, ба жанри ҷазз ҷавонон чандон таваҷҷӯҳи зиёд надоранд, аммо ба ҳар сурат мушоҳида мешавад, ки солҳои ахир як гурӯҳ ҳунармандони кишвар бо ташкили консерту ҷашнвораҳо мехоҳанд шинохти мардумро бо ин навъи мусиқӣ бештар кунанд.

Роҷеъ ба таърихи мусиқии ҷазз ва рушди ин навъи мусиқӣ дар Тоҷикистон сӯҳбате доштем бо Мунира Шаҳидӣ, мусиқишинос, роҳбари осорхонаи фарҳанги мусиқавии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ.

Радиои Озодӣ: Аслан, роҷеъ ба ин навъи мусиқӣ ба мо иттилое медодед, он чӣ вижагие дорад ва аз дигар равияҳои мусиқӣ, аз ҷумла попу реп ва рок бо чӣ фарқ мекунад?

Мунира Шаҳидӣ: Ҷазз ин як жанрест, ки дар аввали садаи гузашта дар Амрико пайдо шудааст. Ба чӣ хотир? Ба хотири озодфикрӣ дар мусиқӣ, яъне дар ин навъи мусиқӣ, кас ҳар хеле, ки дилаш мехоҳад вазъияти рӯҳии худро ҳамон тавр ифода мекунад. Ҷазз ин озодӣ дар саҳна, озодӣ дар афкор аст. Азбаски ин равияи мусиқӣ, жанри бисёр озоду озодандешон буд, дар замони шӯравӣ бисёр маҳдуд гашта буд. Вале аз солҳои 60-70 ум ҳунармандони амрикоӣ ба кишварҳои шӯравӣ меомаданд ва бо худ ин навъи мусиқиро ҳам меоварданд.

Мунира Шаҳидӣ
Мунира Шаҳидӣ
Радиои Озодӣ: Гурӯҳи «Авасто» яке аз гурӯҳҳое, ки ғолибан дар ҷашнвораҳои ҷазз дар кишварҳои хориҷ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад, дар як сӯҳбат гуфта буданд, ки дар Тоҷикистон мардум бо ин навъи мусиқӣ шинохти хеле кам доранд ва ҳатто овозхонону мусиқанавозони касбие ҳам, ки дар консерватория ва донишкадаҳои санъат таҳсил мекунанд, роҷеъ ба ин навъи мусиқӣ иттилои кофӣ надоранд. Шумо чӣ мегӯед?

Мунира Шаҳидӣ: Худи ҷазз ҳамчун жанри мусиқӣ дар Тоҷикистон чандон таърихи зиёде надорад. Агарчӣ дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҷазз аз солҳои ҳанӯз бистум сиюм вуҷуд дошт, дар Тоҷикистон ин нав аст ва он ҳам Этно ҷазз аст, ҷаззи мардумӣ, на ҷаззи касбӣ, ки мо дар иҷрои ҳунармандони амрикову дигар кишварҳо мешунавем. Албатта ҳаракату талошҳо аз сӯйи бархе аз гурӯҳҳо мисли гурӯҳи «Авасто» ва «Мизроб» дида мешавад. Оҳиста оҳиста мактаби ҷаззи тоҷикӣ ташкил меёбад, аммо ба ҳар сурат мо ҳоло наметавонем дар саҳнаи ҷаҳони ҷаззи худро муаррифӣ кунем, ҳоло барои густариши ин навъи мусиқӣ мо фазои хубе надорем Дастгирии ҷомеа ҳанӯз кам аст. »

Радиои Озодӣ: Вале чаро чунин аст, чаро ба фарқ аз дигар равияҳои мусиқӣ, масалан попу реп таваҷҷӯҳи ҷавонон ба ин навъи мусиқӣ камтар аст?

Мунира Шаҳидӣ: Медонед, завқ нест. Дарки ин мусиқӣ мушкилтар аст, меҳнатро мехоҳад. Муттаасифона аксари ҷавонҳои мо ба чунин меҳнат омода нестанд, онҳо бо роҳи осон рафта истодаанд. Фақат тайёрашро мехоҳанд. Ҷазз жанри мурракаб аст, он дониш мехоҳад. Бинобар ин, ҳоло мо бояд талош кунем, таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба ин навъи мусиқӣ ҷалб созем, зеро ин навъи мусиқӣ хусусияти тарбиявӣ ҳам дорад. Мо бояд ҳам оҳангсозон ва ҳам ҷомеа талош кунем то ин жанрро дар омезиш бо навоҳои анъанавӣ ва миллӣ рушд бидиҳем.
XS
SM
MD
LG