Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳи бастаи Тошканд. Доруҳо аз Қирғизистон меоянд


Марзи Қазоқистон-Қирғизистон. (акс аз бойгонӣ)
Марзи Қазоқистон-Қирғизистон. (акс аз бойгонӣ)

Ҳудуди 15 мошини дорувории Тоҷикистон, ки дар марзи Қазоқистону Узбакистон банд монда буданд, ахиран тариқи Қирғизистон ба Тоҷикистон роҳ пеш гирифтаанд.

Азиз Саидов, масъули як ширкати воридкунандаи дорувории Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Узбакистон дар посух ба муроҷиати онҳо ҷиҳати убури қаламрави ин кишвар посух додаанд, ки ҳар як мошин бояд иҷозатномаи махсус гирад. Вай афзуд, азбаски гирифтани иҷоза ҳудуди як моҳ вақтро талаб мекунад, ширкатҳо тасмим гирифтанд, ки моли худро тариқи Қирғизистон ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.

Дар марзи Қазоқистону Узбакистон ҳудуди 200 тонна дорувории 9 ширкат, аз қабили «Ориёнфарм», «Эликсир», «Ёрии аввалӣ», «Аптекаи 36», «Дармонбахш» ва «Дӯстӣ», «Дардар» «Ал-Тавоб», «Шифои сино» банд монда буд, ки аз Словения, Булғористон, Русия ва Украина ҳудуди 1000 номгӯи доруро ба Тоҷикистон меоварданд.

Ба қавли Азиз Саидов, интиқоли мол тариқи Қирғизистон барои ширкатҳо қимати роҳкироро қариб 75% боло мебарад, зеро ронандагон, ки бояд тибқи шартнома 8 ҳазор бояд музд гиранд, боз 6 ҳазор еврои дигар талаб доранд.

Бино ба фармони раисҷумҳури Узбакистон аз соли 2008, ҳудуди 80 номгӯи маводи кимиёӣ ва доруворӣ, ки аз ҳудуди ин кишвар мегузаранд, бояд иҷозаи махсус дошта бошанд, аз ҷумла доруҳое, ки чаҳор рақами аввалашон бо 3003 ва 3004 оғоз мешавад.

Аммо масъулини ширкатҳои дорурасон мегӯянд, дар гумруки Узбакистон танҳо ин чор рақамро мебинанду идомаашро ба назар намегиранд ва рамзи молии доруворӣ собит аст. Ба гуфтаи онҳо, навад дарсади маҳсулоти доруворӣ дар тибби дунё, аз ҷумла Тоҷикистон бо ин рамзҳои гумрукӣ оғоз мешаванд.
XS
SM
MD
LG