Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайвандони бин Лоден дар Саудӣ иқомат хоҳанд кард


Истирдоди пайвандони Усома бин Лоден аз Покистон
Истирдоди пайвандони Усома бин Лоден аз Покистон
Мақомоти Арабистони саудӣ ба хонаводаи Усома бин Лоден иҷозаи иқомат дар кишварро додаанд. Нашрияи саудии “Ашшарқ ал-Авсот” бо такя ба иттилои як амалдори ҳукумат навиштааст, мақомот он омилро ба инобат гирифтанд, ки нафаре аз ҳамсару фарзандони раҳбари “Ал-Қоида” ба фаъолияти террористии ӯ ҷалб нашуда буданд. Се бевазан ва 11 фарзанду набераҳои бин Лоден баъди истирдод аз Покистон вориди Арабистони саудӣ шуданд.

Мақомоти Покистон завҷаҳои бин Лоден – ду зану саудӣ ва як хонуми яманиро барои иқомати бидуни иҷоза дар кишвар ба мӯҳлати кӯтоҳи ҳабси хонагӣ маҳкум ва баъдан аз кишвар истирдод карданд.

Пайвандони Усома бин Лоден баъд аз куштори ӯ дар як амалиёти вижаи нерӯҳои зудамали амрикоӣ дар шаҳри Абботободи Покистон дар як соли пеш боздошт шуда буданд.
XS
SM
MD
LG