Ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба маротиб бештар аст.
Бар пояи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллоддаи Тоҷикистон, зарари расида аз фалокатҳои табиӣ дар се моҳаи аввали соли гузашта 181 ҳазор сомониро ташкил карда буд.
Дафтари матбуоти ин Кумита гуфт, ки боришоти шадиди ахир дар рӯзҳои 25 ва 26 апрел ба деҳоти навоҳии Бобоҷон Ғафуров ва Панҷакент дар шимоли кишвар, ноҳияи Восеъ дар ҷануб ва ноҳияи Рӯдакӣ 20-километраи пойтахти Тоҷикистон зарари ҷиддӣ расонида, боиси аз байн рафтани пулҳо, тахриби хонаҳои истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва талафи чорпо шудааст. Дар ноҳия Восеъ сел 20 манзили сокинонро хароб карда ва дар ноҳия Ҳисор боиси хароб шудани чандин гектар боғзор шудааст.
Масъулини Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон гуфтанд, ки аммо арқоми зикршуда дар мавриди хисороти офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти кишвар ниҳоӣ набуда ва ҳаҷми зарари борон ва сели моҳи апрел баъди ҷамъбаст эълон карда мешаванд.
Баронгариҳои ҳафтаи ахир ба иловаи хисороти молӣ, талафоти ҷонӣ низ дар пай доштааст. Бар асари боронгариҳои шаби 21-уми апрел як нафар дар ноҳияи Шӯрообод ва як тани дигар дар Мӯъминобод ҷони худро аз даст додаанд.
Як сокини деҳаи Тудании ин ноҳияи Шӯрообод бо номи Нурмат, шаби 21-уми апрел бар асари селхезӣ ғарқ шуд ва ҷасади ӯро танҳо субҳи рӯзи 22-юми апрел пайдо карданд. Дар ҳамон шаб борони сел ҳамчунин ҷони Моҳшариф Каримова, сокини деҳаи Ҳанатароши ноҳияи Мӯъминободро низ гирифтааст.
Ҳамчунин сел боиси ҳалокати як шаҳрванди Тоҷикистон ва вайронии зиёда аз 40 хона дар ҷамоаи Косатароши ноҳияи Панҷекат шуд. Ҷавони 20-сола, ки молбонӣ мекард, натавонист, худ ва чорворо аз маҷрои обугил наҷот диҳад.
Аз моҳи январ то ҳоло бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 14 нафар ба ҳалокат расидаанд.