Волии собиқи Массачусетс Мит Ромнӣ дар интихоботи муқаддамотӣ ё праймеризи довталабони номзадии Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА дар панҷ аёлат – Ню-Йорк, Пенсилвания, Коннектикут, Делавэр ва Род-Айленд пирӯз шуд.
Айни ҳол Ромнӣ фақат ду рақиб дорад –Нют Гингрич ва Рон Пол, вале онҳо барои дарёфти шумораи зарурии раъйҳо тақрибан шонсе надоранд. Чанде пеш номзади дигар Рик Санторум аз сабқати интихоботи президентӣ берун шуд.
Мит Ромнӣ барои номзади ҳизби ҷумҳурихоҳон эълон шудан бояд аз пуштибонии 1144 вакили анҷумани ҳизб бархурдор бошад. Қарор аст, ки ин анҷуман моҳи август баргузор шавад. Интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА моҳи ноябр доир мешавад.