Фиристодаи байнулмилал, Кофи Анон, дар ҷаласаи пӯшидаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал авзоъ дар Сурияро “ғамафзо” номид. Вай гуфт, аз хабарҳои вуруди нерӯҳои давлат ба шаҳри Ҳамо ва тирандозии онҳо аз силоҳи автоматӣ шадидан нигарон шудааст. Вай назари Дабири кулли Созмони Милал, Бан Ки-мунро такрор кард, ки вазъро “ғайриқобили қабул” хонда ва аз ҳукумати Сурия хостааст, фавран ба иҷрои тарҳи шашқисмии сулҳ шурӯъ кунад. Анон аз ҳукумат ва мухолифони Сурия даъват кард, оташбаси 12-уми апрелро эҳиром кунанд.