Дар “Солрӯзи наслкушии арманиҳо” имрӯз дар Арманистон маросими ёдбуди тақрибан якуним миллион армание баргузор мешавад, ки соли 1915 ва дар поёни солҳои суқути империяи Туркони усмонӣ кушта шудаанд. Интизор меравад, ҳазорон нафар барои ширкат дар ин маросим дар шаҳри Ереван ҷамъ оянд. Арманистон мегӯяд, рӯзи 24 апрел маъракаи ҳадафмандонаи маҳви зиёиёни арманӣ аз тарафи туркҳо шурӯъ шуд ва садҳо нафарро дар ин рӯз дар пойтахти Туркия ҷамъ оварда ва онҳоро бадарға карданд, ки аксарияти онҳо кушта шуданд. Қатли арманиҳо моҳҳои баъдӣ идома кардааст. Баҳс сари масъалаи куштори дастаҷамъӣ миёни Арманистону Туркия, ки марзи 330 километрии муштарак доранд, монеъи таъсиси равобити дипломатӣ миёни ду кишвар шудааст. Туркия мегӯяд, дар ҷараёни бебандубориҳои он даврон ҳарду тараф чунин ҷиноят кардаанд.