Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамаи ҳавопаймоҳои Покистонро тафтиш мекунанд


Дар Покистон ба тафтиши амнияти кулли ҳавопаймоҳои мусофирбар шурӯъ кардаанд. Ин ба дунболи суқути рӯзи ҷумъаи ҳавопаймои ширкати “Bhoja Air” дар Исломобод аст, ки ҳамаи 127 сарнишинашро кушта ба ҷо гузошт. Дирӯз аз сониҳаи як ҳавопаймо бо 178 мусофир дар Карочӣ ҷилавгирӣ шудааст. Мақомот пеш аз ҳама “Bhoja Air” ва сипас ду ширкати дигари хусусии “Shaheen” ва “Airblue”-ро тафтиш хоҳанд кард. Онҳо мегӯянд, тафтиши ҳавопаймоҳои ширкати давлатии Покистон ҳамагӣ чанд моҳ пеш анҷом шуда буд.
XS
SM
MD
LG