Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Шабе, ки "Барселона" шикаст хӯрд...


Дар яке аз ҷолибтарин бозиҳои мавсими имсолаи футболи Испания, дастаи «Барселона» аз ҳарифи сарсахти худ «Реал»-Мадрид шикаст хӯрд.

Ин бозӣ ки шанбешаб дар варзишгоҳи «Камп Ноу» бо мизбонии «Барселона» баргузор шуд, умеди католониҳо барои дарёфти қаҳрамонӣ дар мавсими имсолаи футболи Испанияро барбод дод.

Рӯёрӯии ин ду ғӯли футболи Испания, ки бо номи «Ел-Классико» машҳур аст, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи шогирдони Ҷозе Моурино (мураббии «Реал») анҷом ёфт.

Бозингарони дастаи шоҳигарии шаҳри Мадрид дар дақиқаи 17-уми қисми аввали бозӣ дарвозаи каталониҳоро рахна карданд ва дарвозабон Виктор Валдес ногузир тӯбро аз тӯри дарвоза бардошт.

Рӯҳияи «ҷангӣ»-и шогирдони Гвардиола дар қисми аввали бозӣ чизеро тағйир надод ва танҳо дар дақиқаи 70-ум тавонистанд голи дастаи шоҳигарии Мадридро ҷуброн кунанд. Вале ин Криштиано Роналдо буд, ки ҳамагӣ се дақиқа баъд, дастаи худро боз ба пеш андохт ва бо ҳамин пирӯзии "Реал"-ро сабт кард.

Ҳоло дастаи "Реал"- Мадрид" бо 88 имтиёз пешгоми "Ла Лига"-и Испания буда, "Барселона" бо 81 имтиёз дар раддаи дуввум қарор дорад.

Вале ин шояд бозии охирини ин ду дастаи пурқудрати аврупоӣ дар мавсими имсола набошад. Ҳам "Барселона" ва ҳам "Реал"- Мадрид ба марҳилаи ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо роҳ ёфта ва дар бозии рафт, аз ҳарифони худ дастаҳои "Челсӣ" ва "Бавария" шикаст хӯрдаанд. Дар сурати пирӯзӣ бар ҳарифони худ дар бозии бозгашт, шаҳри Мюнхени Олмон боз шоҳиди як бозии ҷолиби ин ду даста хоҳад буд. Бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо рӯзи 19-уми май баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG