Бо ҳамин тартиб, 10 номзад аз миёни 23 номзади сабти ном карда, радди салоҳият шуданд, ки Умар Сулаймон, муовини Ҳусни Муборак, раиси ҷумҳури пешини Миср, Хайрат Аш-Шотир, номзади аслии гурӯҳи исломгарои «Ихвон-ал-муслимин» ва Ҳозим Ал-Исмоил, аз ҳизбии салафии "Нур" дар раъси онҳо қарор доранд.
Бар гузориши хабаргузории Асошиейтед Пресс, се номзади аслии интихоботи Миср радди салоҳият шудаанд. Як манбаъ, ки нахостааш номаш фош шавад, ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки ҳама дархостҳои таҷдиди назар рад шудаанд, зеро ҳеҷ маълумоти наве дар онҳо ироа нашудааст.
Қарор буд, шомгоҳи сешанбе натоиҷи баррасии радди салоҳиятҳо ба таври расмӣ дар як конфронси хабарии Комиссияи интихоботии Миср эълон шавад, аммо фазои шадиди амниятӣ ва таҷаммӯи даҳҳо нафар аз ҳаводорони номзадҳои мӯътариз, монеи ин кор шудааст.
Бинои комиссияи олии интихоботи Миср, аз чанд рӯзи гузашта таҳти тадобири шадиди амниятӣ қарор гирифтааст ва барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна аъмоли хушунат алайҳи масъулони ва коркунони ин комиссия, даҳҳо нерӯи пулис ва артиш дар атрофи бино мустақар шудаанд.
Далели радди салоҳият шудани Умар Сулаймон, муовини Ҳуснӣ Муборак, ки 19 сол раёсати Созмони ҷосусии низоми пешини Мисрро бар ӯҳда дошт, комил набудани парванда аст. Бар пояи қонуни интихоботи Миср, ҳар номзади мустақили бояд таъйиди 30 намояндаи мунтахаби парлумон ё 30 ҳазор раъйдиҳанда аз 25 вилоятро дар ихтиёр дошта бошад, ки таъйидкунандагон аз ҳар вилоят аз ҳазор тафар камтар набошанд. Гуфта мешавад, ки имзокунандагони таъйидномаи Умар Сулаймон дар яке аз вилоятҳо аз ҳазор нафар камтар ҳастанд.
Аммо масъалаи Хайрат Аш-Шотир, номзади аслии гурӯҳи Ихвон-ал-Муслимин, ки бузургтарин ҷиноҳи парлумони Мисрро дар даст дорад, парвандаҳои қазоӣ аст, ки вай дорад. Пеш аз ин гурӯҳи Ихвон-ал-муслимин эълон карда буд, дар сурати радди салоҳияти ниҳоии Аш-Шотир, Муҳаммад Марсӣ, раиси Ҳизби адолат ва озодӣ, шохаи сиёсии Ихвон-ал-муслимин ба унвони номзадии аслии гурӯҳ матраҳ хоҳад шуд.
Вакили мудофеи Ихвон-ал-муслимин дар мусоҳиба ба шабакаи хабарии Ал-ҷазира гуфтааст, ки комиссияи интихоботӣ сериали тахриби интихоботро оғоз кардааст. Вай бо сиёсӣ будани ҳукми радди салоҳияти Аш-Шотир таъкид намуда мегӯяд, иқдомҳои қонунӣ «дар баробари комиссияе ки қонунро эҳтиром намегузорад», ҳеҷ фоидае надорад.