Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди довталабони курсии президенти Миср коҳиш ёфт


Раҳбари "Ихвон-ул-муслимин" ҳаққи ширкат дар интихоботро надорад
Раҳбари "Ихвон-ул-муслимин" ҳаққи ширкат дар интихоботро надорад
Комиссиюни марказии интихоботии Миср даҳ довталабро аз ширкат дар интихоботи президентӣ маҳрум кард. Аризаи ин афрод барои бознигарии тасмими комиссиюн пазируфта нашуд.

Миёни довталабони аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрумшуда Умар Сулаймон, собиқ муовини раисиҷумҳур ва раиси хадамоти кашфи Миср, Ҳайрат Аш-Шатер, раҳбари ҷунбиши “Ихвон-ул-Муслимин” ва Ҳозим Абу Исмоил, тундгарои салафӣ низ ҳастанд.

Хабаргузориҳо бо такя ба иттилои Комиссиюни марказии интихоботӣ навиштаанд, ки Умар Сулаймон ба ҷамъоварии миқдори зарурии имзоҳо муваффақ нашудааст, Ҳайрат Аш-Шатер доғи додгоҳӣ дорад, модари Абу Исмоил бошад шаҳрванди ИМА аст.

Ба ин васила, шумораи довталабони курсии раисиҷумҳури Миср то 13 нафар коҳиш ёфт. Рӯйхати ниҳоии номзадҳо 26 апрел нашр хоҳад шуд.

Интихоботи раисиҷумҳурии Миср рӯзи 23 май баргузор мешавад ва ба думболи он қудрат аз Шӯрои олии низомӣ ба ҳукумати мулкӣ интиқол меёбад.
XS
SM
MD
LG