Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоизҳои гаравшикани бонкҳои Тоҷикистон


Бинои Бонки миллии Тоҷикистон
Бинои Бонки миллии Тоҷикистон

Бештари онҳое, ки аз бонку созмонҳои молиявӣ вом дарёфт кардаанд, аз фоизи баланди қарзҳо шикоят доранд.

Муҳаббат Собирова, як соҳибкор аз ноҳияи Варзоб мегӯяд, тиловории худу духтарашро ба гарав гузошта, аз созмони қарздиҳии "Finсa" 800 доллар вом дарёфт кардааст. Ӯ гуфт, фоизи қарзи гирифтааш дар як сол 25 дарсадро ташкил медиҳад. Аммо хонум Собирова аз қарзгирии ҳамсояи худ ёдоварӣ кард, ки ба мушкил рӯбарӯ шуда, эҳтимол бар ивази қарзи худ ҳам хонаву ҳам дӯконашро аз даст бидиҳад.

"Ҳамсояи мо аз бонк қарздор аст. Ӯ ҳам дӯкон ва ҳам хонааш дар шаҳрро ба гарав монда буд. Лекин қарзи гирифтаашро гардонда натавонист ва ҳоло бояд хонаи дар Душанбе будаашро фурӯшаду пули бонкро бозгардонад",-афзуд ӯ.

Ба қавли Муҳаббат Собирова, танҳо дар деҳаи "Ҳушёрии боло"-и Варзоб чанд ҳамсояи онҳо бинобар барзиёдии фоизи қарзи бонкҳо дубора қарздор шудаанд, зеро натавонистаанд маблағи қарзро саривақт баргардонанд. Инҳо аслан нафароне ҳастанд, ки барои тӯйи арӯсии духтар ё маросими хатнатӯйи фарзандашон, барои таъмири хона, тиҷорати хурд ва харидани мошин қарз гирифтаанд.

Ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, сарфи назар аз фоизҳои сангини бонкҳо, мардум ночор барои зарураташон риск (таваккал) мекунанду пул мегиранд. Аммо намояндагони бонкҳо ва созмонҳое ба мисли "Имон Интернешнл", "Аввалин Бонки молиявии хурд", "Ҳумо" ва дигарон, ки ба додани қарзҳои хурду бузург машғул ҳастанд, тасдиқ мекунанд, ки фоизи бонкҳояшон зиёд аст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:11 0:00
Линки мустақим


Саид Ҳайдар, корманди "Аввалин бонки молиявии хурд", норизо аз ин вазъият мегӯяд, фоизи солонаи бонки онҳо бо доллар 25 ва бо сомонӣ 35 дарсад аст. Аз ин рӯ, афроди ниёзманд талош мекунанд, бонкеро пайдо намоянд, ки бо фоизи камтар қарз медиҳад.

Фарҳод Ризоев, ходими созмони "Имон Интернешнл" мегӯяд, агар 1000 доллар аз онҳо қарз бигиред, ҳар моҳ бояд 96 доллар пардохт кунед. Вале агар барои муддати камтар қарордод бибандед, ҳаҷми моҳонаи қарз бештар хоҳад шуд. Дар "Имон Интернешнл" шурӯъ аз амволи хона, то тиловориву дороиҳои дигар ба гарав гузошта мешавад. "Албатта, ҳар касе, ки назди мо биёяд, зуд қарз дода наметавонем. Хоҳ вай барои бизнес (тиҷорат) бошад ва чизи дигар. Мо нуқтаи фурӯши ӯро анализ (таҳлил) мекунем. Агар 10 ҳазор доллар гирифтанӣ шавад, тиҷораташро мебинем. Агар имкон надошта бошад, мо қарзи ӯро кам мекунем. Бонк танҳо дар сурати бештар аз 7 ҳазор гирифтани қарз хонаро ба гарав мегирад",-гуфт ӯ.

Омори ҳодисаҳои аз даст додани манзили зист ва дигар дороиҳо дар ивази қарзу фоизҳои бонкӣ дар додгоҳҳо вуҷуд надоранд. Бонкҳо ҳам талош мекунанд, ки дар ин
Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъ
Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъ
хусус сӯҳбат накунанд. Аммо ҳуқуқшинос Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, дар таҷрибаи адвокатиаш борҳо ба ин баҳсҳо рӯбарӯ шудааст: "Як шаҳрванд аз шаҳраки "Сомониён"-и ноҳияи Рӯдакӣ аз "Ориёнбонк" 20 ҳазор доллар қарз гирифт, вале натавонист пулро баргардонад. "Ориёнбонк" ниҳоят ба додгоҳ муроҷиат кард ва манзили зисти ӯро ба баланси бонк ворид карданд."

Ба қавли Қудратов, ҳудуди 7 дарсади баҳсҳои шаҳрвандӣ дар додгоҳои кишвар марбут ба қарзу гаравҳост. Дар ҳамин ҳол, Баҳор Қамаров, коршиноси масоили иқтисодии Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, фоизҳои зиёди бонкҳо ҳам барои соҳибкорон ва ҳам барои мардуми камбизоат, ки ночор қарз мегиранд, оқибатҳои ногувор дорад. Як паҳлӯи дигари қарздиҳии хатарнок барои соҳибкорон, ба гуфтаи ӯ, мӯҳлати бисёр кӯтоҳи баргардондани қарз аст.

Намояндагони бонкҳои хусусӣ мегӯянд, сабаби баланд будани фоизи бонкҳо, ба Бонки миллии Тоҷикистон марбут аст. Фоизро бояд Бонки миллӣ танзим карда ва роҳҳои кам кардани онро ҳам мушаххас намояд. Зеро фоизҳои ҳангуфт муштариёнро аз қарзу аз бокҳо гурезон мекунад. Аммо Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, афзоиши фоизи қарзҳо дар ҳеҷ сурат ба онҳо марбут нест ва ҳар бонк худаш тасмим мегирад, ки дарсади қарзро чанд фоиз муайян кунад.

Ахиран Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки ба хотири афзоиши теъдоди муштариён, фоизи қарзро ба як дарсад поин бурда аз 9 ба 8 дарсад расонидааст. Абдулғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, қарзи бонкҳо бо фоизи камтар ҳам бозгардони қарзҳо осон мекунад ва ҳам муштариёнро ба гирифтани қарз ангезиш медиҳад.

Аммо иқтисоддонҳо ва баъзе аз намояндагони бонкҳое, ки аслан ба додани қарзи хурду бузург машғул ҳастанд, мегӯянд, азбаски пул ба хазинаи онҳо аз бонкҳои хориҷӣ мерезад, аз ин рӯ наметавонанд фоизи қарзҳоро мувофиқи хости худ коҳиш диҳанд.
XS
SM
MD
LG