Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурӯшгоҳи марказӣ ва ё СУМ боз давлатӣ мешавад?


Фурӯшгоҳи марказии шаҳри Душанбе ва ё СУМ имкон дорад дубора ба моликияти давлатӣ табдил ёбад.

Ин фурӯшгоҳ, ки аз соли 1993 то соли 2003 яъне тӯли даҳ сол тадриҷан ба моликияти саҳҳомӣ бадал шуда буд, ҳоло мавриди тафтиши Додситонии кулли Тоҷикистон қарор дорад. Мақомоти тафтишот баъд аз бист соли тағйири шакли моликият кардани Фурӯшгоҳи марказӣ, ин муассиса ва ҳамчунин Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии ин кишварро ба он муттаҳам мекунад, ки ин фурӯшгоҳро нодуруст ғайридавлатӣ кардаанд. Ба ин далел додситонӣ талош дорад Фурӯшгоҳи марказиро ба ихтиёри давлат бозгардонад.

Вале дар ин миён сарнавишти саҳҳомони ин муассиса чӣ хоҳад шуд ва оё баъд аз бист сол дубора аз дасти тоҷирон бозпас гирифтани он дар фазои сармоягузорӣ ва рушди тиҷорат дар Тоҷикистон чӣ таъсир хоҳад гузошт. Ва ҳам он, ки чаро баъди бист сол додситонӣ даст ба чунин амал задааст ва аслан даъвои тафтишот то куҷо воқеият дорад? Боймурод Холмуродов, раиси Фурӯшгоҳи марказии Тоҷикистон мегӯяд:

Боймурод Холмуродов: Аз соли 2003 инҷониб корхонаи мо комилан ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил дода шуда ва айни замон дар он давлат ягон адад саҳмия надорад. То ҷое барои ман маълум аст, Прокуратураи генералӣ барои даъво асос надорад.

Озодӣ: Аммо шумо, ки ба иддаои Додситонии кулл шинос ҳастед, ба ҳар сурат чӣ даъво доранд?

Боймурод Холов, раиси Фурӯшгоҳи марказии Тоҷикистон
Боймурод Холов, раиси Фурӯшгоҳи марказии Тоҷикистон
Боймурод Холмуродов: Додситонӣ барои бекор кардани шартномаҳои мо аз соли 1993 то соли 2003 чанд даъво пешниҳод кардааст. Аз ҷумла онҳо дурустии харидории саҳмияҳо дар ҳаҷми чиҳил дарсад аз соли 1993-ро хато меҳисобанд. Ин нахустин марҳалаи харидории саҳмияҳо буд, ки ҳайати коргарони Фурӯшгоҳи марказӣ аз давлат тавассути Кумитаи амволи давлатӣ соҳиб шудаанд. Дар ин бора ҳамаи аснод вуҷуд доранд. Даъвои дигари додситонӣ боз ҳам хариди бист дарсадии саҳмияҳо дар соли 1995 аст, ки онро ҳам нодуруст меҳисобанд. Ба ҳамин тариқ то соли 2003, ки мо бори охир 25 дарсади саҳмияҳоро харидорӣ карда фурӯшгоҳоро комилан ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил додем, ҳама шартнома ва ҳуҷҷатҳоро додситонӣ нодуруст баҳогузорӣ карда истодааст. Дар ҳоле, ки ин ҳама муомилаҳо аз тариқи савдои кушод ва ба воситаи идораҳои марбутаи давлат, аз ҷумла Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ва низ корхонаи воҳиди давлатии хариду фурӯши ашё ва аз тариқи музояда сурат гирифтааст. Зимнан, ҳоло Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ҳам бо мо дар додгоҳ ҳамчун ҳамҷавобгар шинохта шудааст.

Озодӣ: Саҳмияҳои Фурӯшгоҳи марказӣ дар дасти киҳо аст?

Боймурод Холмуродов: Саҳмиҳои Фурӯшгоҳи марказӣ дар дасти одамони алоҳида, вале умдатан дар дасти худи кормандони ҳамин муассиса аст. Аз ҷумла худи ман ҳам аз саҳҳомони ин Фурӯшгоҳ ҳастам. Ман 44 соли ҳаётамро дар ин корхона бахшида ва ҳоло 23 сол аст, ки роҳбарии онро бар ӯҳда дорам.

Озодӣ: Мавқеи саҳмиядорон чӣ гуна аст. Онҳо чӣ мегӯянд?

Боймурод Холмуродов: Онҳо бар ин назаранд, ки ин кори додситонӣ маъно надорад ва аз мавқеи тафтишот пуштибонӣ намекунанд.

Озодӣ: Фарз кардем, агар муассиса тибқи хоҳиши Додситонӣ ба ихтиёри давлат бигзарад, сарнавишти саҳҳомон чӣ хоҳад шуд?

Боймурод Холмуродов: Аввал ин, ки мо аз худованд талаб дорем ва аз ҳукумат умед дорем, ки қонунҳо иҷро мешаванд. Боварӣ дорем, ки додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ин масъаларо дар асоси қонун ҳаллу фасл мекунад. Дигар инки дар мудати ин бист сол хеле корҳо анҷом дода шуд, мо ин корхонаро борҳо ва аз ҳисоби худ тармиму навсозӣ кардаем.

Озодӣ: Фикр мекунед, инҷо паси қазия кадом масъалаҳои дигар мавҷуд аст?

Боймурод Холмуродов: Ман ҳаминро мегӯям, ки дар ҳақиқат чанд муддат нофаҳмӣ байни коргарони корхона вуҷуд дошт. Чанд нафар аз саҳмдорон, аз ҷумла Абдулло Одинаев ва чанд нафари дигар бо баъзе аз тағйиротҳои корӣ розӣ набуданд, вале шукри худо ҳоло аз ин шумора, ки дар аввал аз бист нафар зиёд буданд, ҳамагӣ се нафар монданд ва бақия омаданд ва ҳоло фаъолият доранд.

Озодӣ: Дар ҷаласаи соли пеши ҳукумат шумо бунёди як толори варзиширо дар ҳузури раиси ҷумҳурӣ ваъда карда будед. Онро сохтед?

Боймурод Холмуродов: Бале мо чунин ваъдаро додаем ва аз паяш ҳам ҳастем ва ба таври хаттӣ ба ҳукумати шаҳри Душанбе муроҷиат кардем ҷиҳати ҷудо кардани қитъаи замин. Аз ҳукумати пойтахт гуфтанд, ки дар асоси нақшаи генералии навсозии Душанбен, барои мо қитъаи мувофиқ ба сохтмони ин толор дода мешавад ва ба муҷарради ҳал шудани ин кор, мо пайи иҷрои он хоҳем шуд.

Озодӣ: Ҳоло дар корхона чанд нафар машғули кор аст ва шумо моҳона чӣ миқдор ба давлат андоз месупоред?

Боймурод Холмуродов: Ҳоло дар корхона бештар аз 200 нафар фаъолият мекунанд. Як чизро мехоҳам бигӯям, ки мо ин муассисаро ҳатто дар солҳои ҷанги дохилӣ, ки нооромиву нотинҷӣ буд ҳифз кардем ва нагузоштем, ки ба дасти яғмогарон афтад. Ёдам ҳаст, дар он солҳо то ба маблағи 70 миллион доллар маҳсулоту амволи давлат дар анборҳои Фурӯшгоҳ ҳифз ва бидуни осеб нигаҳдорӣ шуд. Сахт мушкил буд. Ҳоло ҳам мо солона 800 ҳазор сомонӣ ба давлат андоз месупорем. Ман дар хотир дорам, ки вақте дар аввал мо мехостем онро ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил диҳем, ҳатто коргарҳо ҳамон саҳмияҳоро намехариданд ва мегуфтанд, ки аз ин коғази хушку холӣ ба мо чӣ фоида. Вале ба ҳар сурат мо тавонистем, ки ин ҳама корҳоро анҷом диҳем.
XS
SM
MD
LG