Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи журналистон ба аъзои худ огоҳӣ дод


Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон
Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон

Иттиҳоди журналистон аз аъзои ин созмон хостааст, ки маълумот дар бораи ҷойи кори худро пешниҳод кунанд.

Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) аз афзоиши мавридҳои сӯистифода аз шаҳодатномаи узвияти ин созмон изҳори ташвиш кардааст.

Ин иттиҳодия зимни як муроҷиат аз аъзои худ хостааст, аз ин ҳуҷҷат "барои ҳадафҳои шахсӣ истифода набаранд, ки ин амал хилофи одобу низомномаи ИЖТ мебошад."

Акбари Саттор, раиси ИЖТ рӯзи панҷшанбеи 12-уми апрел дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи шикояти масъулони бархе аз ниҳоду муассисаҳо, дар ҳақиқат, мавориди зиёди сӯистифода шаҳодатномаи журналистӣ бо ҳадафҳои шахсӣ ошкор шудааст.

Ба ин далел, ӯ маҷбур ба нашри як чунин муроҷиатнома шуда ва ҳамзамон аз аъзои иттиҳодия даъват мекунад, ки аз чунин амалҳо даст бикашанд.

Дар муроҷиатномаи ИЖТ ҳамчунин таъкид шудааст, ки "ҳама гуна амалҳои вобаста ба рисолати рӯзноманигорӣ, аз ҷумла, омода кардани матолибу гузаронидани тадқиқоти журналистӣ бо супориши идораи васоити ахбори омма ва пешниҳоди шаҳодатномаи ҳамин расона сурат мегиранд."

Ба гуфтаи раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон дар сурати ошкор шудани сӯистифода аз шаҳодатномаи журналистӣ чунин аъзо аз ҳимояти ин созмон маҳрум ва ҳатто ихроҷ хоҳад шуд.

Акбари Саттор, раиси ИЖТ, гуфт, барои ҷилавгирӣ аз такрори чунин ҳолатҳо ва низ муайян кардани "шуғли асосӣ ва мутобиқатии касбӣ" аъзои иттиҳодия вазифадор шудаанд, ки то якуми июли соли ҷорӣ дар бораи ҷои кори асосии худ ба раёсати ИЖТ маълумотнома пешниҳод ва ҳаққи узвияти худро пардохт намоянд.

Дар ҳоли ҳозир Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон 1 ҳазору 900 узв доштааст.
XS
SM
MD
LG