Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фиристодаи тундравон дар Қубодиён боздошт шуд


Як фиристодаи гурӯҳҳои тундрав ки қасд дошт, бештар аз 100 ҷавони тоҷикро ба Покистон бифиристад, боздошт шудааст.

Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ дар Қӯрғонтеппа, дар ин бора, намояндаи раёсати умури дохилаи Хатлон зимни мулоқоти раиси вилоят бо гурӯҳе аз мардуми ноҳияи Қубодиён сухан гуфтааст.

Ба гуфтаи намояндаи раёсат, дар ноҳияи мазкур, дар деҳаи Қизил Нишони ноҳияи Қубодиён, як узви фаъоли Ҳаракати Исломии Узбакистон аз ноҳияи Рӯдакиро боздошт кардаанд, ки саъй доштааст ҷавонони тоҷикро ба сафи гурӯҳҳои тундрав ҷалб кунад. Доир ба ҳуввияти ин фард чизе гуфта нашудааст.

Мақомоти расмӣ аз мардум хостаанд, ба таҳсилу рафтори фарзандони худ аҳамияти бештар диҳанд, то онҳо фирефтаи гурӯҳҳои ифротиву тундрав нашаванд.

Намояндаи раёсат дар ин мулоқот намунае овардааст, ки гӯё писари яке аз мансабдорони собиқ аз ҳамин вилоят барои таҳсил ба Покистон рафта ва онҷо худро дар як ҳамлаи маргталабона куштааст.

Дар мулоқот ҳамчунин гуфта шудааст, баъзе аз ҷавононе, ки соли гузаштаву пештар аз кишварҳои исломӣ ба Тоҷикистон баргашта буданд, бо баҳонаи муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта ва аз онҷо ба мадрасаҳое баргаштаанд, ки қаблан таҳсил мекарданд.

Дар ноҳияи Қубодиён чанде пеш ду сокини ноҳия Акмал Рашидов ва Иброҳим Қурбоновро бо гуноҳи узвият дар Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ба 9 ва 8.5 соли зиндон маҳкум карданд.

Ҳамчунин моҳи феврал Бахтиёр Умаров, як сокини деҳаи Қизилнишон, ки ба узвият дар Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон муттаҳам мешавад, дар Покистон дастгир ва моҳи феврал ба Тоҷикистон истирдод шуд, ки он гурӯҳ созмони террористӣ ва як шарики Ал-Қоида маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG