Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷанг"-и рақс бо нашъамандӣ


Рӯзи якшанбе дар театри В. Маяковскийи шаҳри Душанбе таҳти унвони «Рақс алайҳи нашъамандӣ» як ҷашнвора мактаббачагони пойтахт баргузор хоҳад шуд.

Ин ҷашнвора бо ибтикори созмони ҷамъиятии «Даст ба даст» ва бо мусоидати молии шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи сафорати ИМА дар Тоҷикистон сурат мегирад.

Наргис Қосимова, масъули созмони ҷамъиятии «Даст ба даст» рӯзи ҷумъаи 6-уми апрел ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадаф аз баргузории ин барномаи фарҳангӣ, тавассути рақс пешгирӣ кардани ҷавонон аз гирифторӣ ба нашъамандӣ ва ҳамин тавр дур нигоҳ доштани онҳост.

Хонум Қосимова гуфт, ки аз миёни хонандаҳои синфҳои 7-11-и шаш мактаби пойтахт бист нафарӣ ба ин барнома ҷалб шуда ва тӯли се моҳ ба онҳо рақсҳои гуногун омӯзонида шуд. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, дар рӯзи якшанбеи 8-уми апрел дар театри Маяковскийи пойтахт 120 нафар хонандаҳои макотиб дар назди тамошобинон рақс хоҳанд кард.

Дар соли гузашта бо дастгирии сафорати Амрико дар Тоҷикистон як барномаи консертие бо ширкати овозхони тоҷик Субҳони Сайид дар доираи барномаҳои мубориза бо нашъамандӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG