Бинобар иттилои дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, созмони нав ба маркази ташаккули афкори давлатӣ дар масъалаи муҳоҷират табдил ёфта, бояд нақши пули пайванд байни идораҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ, диаспораҳо ва муҳоҷиронро бозад. Дар нахустин ҳамоиши шӯрои нав барномаи он барои соли 2012 баррасӣ ва сарварони ниҳоди тозтаъсиси ҷамъиятӣ интихоб шуданд.
Ба мақоми дабири кулли Шӯрои ҷамъиятӣ раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон,Сафиалло Девонаев пешбарӣ ва интихоб шуд. Ҳуқуқшиноси варзида, сарвари созмони ғайридавлатии «Перспектива +» Ойниҳол Бобоназарова ҷонишини раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон интихоб гашт. Дар ҷаласаи аввали шӯро намояндагони кумита ва вазоратҳои Тоҷикистон, дипломатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, чеҳраҳои саршиноси Тоҷикистон, коршиносони дохиливу хориҷӣ ва иттиҳодияҳои иҷтимоӣ аз Русия ва Тоҷикистон иштирок ва масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати шаҳрвандон ва мушкилоти онҳо ва роҳҳои танзими муҳоҷирату ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон дар кишварҳои мизбонро баҳс карданд.
Солона наздик ба якуним миллион нафар аз шаҳрвандони қобили кори Тоҷикистон барои ёфтани кор ва даромад ба Русия ва Қазоқистон сафар мекунанд. Маблағҳое, ки муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан мефиристанд, наздики 40 дарсад аз Маҷмаи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ҳамзамон онҳо ба иқтисоди кишварҳои мизбон миллионҳо доллар фоида меоранд. Солҳои охир онҳо талош мекунанд, истиқомат ва кори худро дар Русия қонунӣ кунанд, аммо бо вуҷуди ин ҳадафи зӯроварии полис ва гурӯҳҳои нажодпараст қарор мегиранд. Ба иттилои созмони ғайридавлатии «Перспектива +», дар соли гузашта тобути зиёда аз 600 муҳоҷири тоҷик ба ватан оварда шуд, ки бахши умдае аз онҳо кушта шудаанд.
Созмонҳои муҳоҷирон ҳамчунин аз поймол шудани ҳаққи муҳоҷирон аз тарафи кордиҳандагон низ хабар додаанд. Бо фишори онҳо музди кори садҳо муҳоҷир рӯёнда ва ҳамчунин даҳҳо нафар аз ғуломӣ раҳо шудаанд. Ҳузури муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз тарафи мақомоти ин давлат ба ҳайси абзори фишори сиёсӣ ба давлати Тоҷикистон истифода мешавад. Намунаи барҷастаи он дар моҳи ноябри соли гузашта, ҳангоми эълони ҳукми ду халабони ширкати русӣ дар Тоҷикистон ба мушоҳида расид. Бо ҳабси садҳо муҳоҷир ва ихроҷи қисме аз онҳо Русия Тоҷикистонро маҷбур кард, халабонҳоро озод намояд.
Дар рӯзҳои ин бӯҳрон таҳти сарварии коргардони саршиноси тоҷик Барзуи Абдураззоқ ва журналист Марат Мамадшоев Гурӯҳи мусоидат ба муҳоҷирон таъсис ёфт, ки, зоҳиран андешаи ташкили Шӯрои нави назди Хадамоти муҳоҷират он рӯзҳо ба миён омадааст.