Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: Омехтаи хафвноки бегазӣ ва барқу бензини қимат


Тасмими Узбакистон ба қатъи комили интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистон ва иқдоми Русия барои боло бурдани боҷи содиротии маводи сӯхт дар маркази диққати нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе қарор доранд.

«Имрӯз нюс» дар матлаби «Нокушодаҳои гази узбакӣ» қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистонро рӯйдоди дорои ангезаи сиёсӣ хондааст. Нашрия навиштааст, ки ин кори Тошканд танҳо ба далоили сиёсӣ иттифоқ афтодааст, "вагарна ба Узбакистон чӣ фарқ дорад, ки гази онро русҳо мегиранд, ё чиниҳо ва ё тоҷикҳо?». Ҳамзамон нашрия бар ин аст, ки ҳарчанд ин иқдоми Тошканд, зарбае ба саноати Тоҷикистон аст, аммо он зоҳиран, мардуми одии Тоҷикистонро чандон нигарон намекунад. Зеро сокинони шаҳрҳои Тоҷикистон чандин сол аст, ки аз истифодаи газ маҳруманд.

«Миллат» суоли «Агар Узбакистон газро қатъ кунад, чӣ хоҳад шуд?» -ро матраҳ кардааст, ки дар посухи он чанд тан коршиносон гуфтаанд, зарари асосиро корхонахои бузурги саноатии Тоҷикистон, назири «Талко» ва «Семент» хоханд дид. Зеро ба гуфтаи яке аз ин коршиносон, «мо газро барои аҳолӣ намехарем, мо онро фақат барои корхонаҳо мехарем ва сехҳои, масалан, корхонаи алюминиюм, ки алюминиум мегудозад, бояд ҳамеша бо газ кор кунад». Коршиноси дигар гуфтааст, ки «аслан имрӯз касе эҳсос намекунад, газе, ки дорем. Аз Узбакистон аст, ё аз ҷойи дигар».

«СССР» дар ин робита навиштааст, ки Тошканд дар мубориза бо Тоҷикистони соҳибистиқлол "аз ҳама намуди зарбаҳои ноҷавонмардона кор мегирифт, вале баргузидани Пекини расмӣ ба ҳайси алтернативаи Душанбе сахт рафтори ноҷавонмардона аст». Зеро ба навиштаи нашрия «дар шароити кунунӣ ягона давлати алтернативаи Русияи абарқудратча маҳз Чин монда буд». Ба эътиқоди нашрия «Тошканд бо 1 тир 2 фохта зад. Ҳам Тоҷикистонро бе газ монданист ва низ моро бо Хитой шӯронидан мехоҳад».

«Озодагон» ба нақл аз коршиносон тасмими ахири Тошканд ва иқдоми Русия барои боло бурдани боҷи гумрукии судури маводи сӯхтро аз як сӯ фишори навбатии Узбакистон ва Русия болои Тоҷикистон ва аз сӯи дигар заъфи диломатияи тоҷик унвон кардааст. Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари ҲНИТ гуфтааст, «вақте муносибатҳои дипломатӣ нодуруст ба роҳ монда шудаанд, ба вуқӯъ омадани фишорҳо аз эҳтимол дур нест. Тоҷикистон фишоре дар баробари Узбакистон надорад, ки дар чунин ҳолатҳо истифода барад».

«Наҷот» низ қимат шудани бензинро сар аз моҳи апрел зарбаи навбатӣ ба иқтисоди Тоҷикистон донистааст. Нашрия навиштааст, ки «дар як соли гузашта ҳудуди 6 маротиба Русия боҷи содиротиашро афзоиш дод, ки дар пайи он вазъи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон дучори мушкилоти зиёд шуд». Дар ин сурат ба навиштаи нашрия «Тоҷикистон умедашро аз бензини русӣ кандааст ва бозорҳои алтернативиро барои таъмини талаботаш ҷустуҷӯ дорад».

«Фараж» дар матлаби «Фишор» менависад, дар ҳоле, ки Тоҷикистон ба мушкили бебарқӣ рӯбарӯст ва қарор аст, аз моҳи оянда нархи он боло равад, тасмими Тошканд барои қатъи интиқоли газ ва афзоиши қимати бензинро хабарҳои нохушоянд барои мардуми Тоҷикистон дар моҳи апрел унвон кардааст. Ба навиштаи нашрия, «хонандаро намедонем, аммо аз пайомади ин омилҳо бӯйи бад эҳсос мешавад». Муаллифи матлаб даст ба дуо бардошта ва навиштааст, «Худоё, миллату давлатамонро аз нохушӣ нигаҳ дор!!!».
XS
SM
MD
LG