Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА: Масъулияти ҳамсояҳои Афғонистон зиёд мешавад


Дабири кулли САҲА ҳини нишасти матбуотӣ дар Душанбе, 27-уми марти соли 2012
Дабири кулли САҲА ҳини нишасти матбуотӣ дар Душанбе, 27-уми марти соли 2012

Ламберто Занеру нақши ҳамсояи Афғонистонро дар ҳалли масоил ва мушкилоти ин кишвар муҳим арзёбӣ кардааст.

Дабири кулли САҲА, ки пас аз ширкат дар Нишасти ҳамкориҳои иқтисодии минтақаӣ барои Афғонистон бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, таъкид дошт, ки "дар ҳоли ҳозир суботу амният дар Афғонистон бояд дар авлавият қарор бигирад, то аз ин тариқ ба рушди иқтисодӣ даст ёфтан осон гардад." Ламберто Занеру бо таваҷҷӯҳ ба ин ки пас аз соли 2014, замони хуруҷи нерӯҳои НАТО ва муттаҳидонаш аст, гуфт, масъулияти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бештар мешавад. "Онҳо бояд омода бошанд ва ҷомеаи ҷаҳониро низ лозим аст, то аз талошҳои ин кишварҳо ҳимоят кунад",-афзуд ӯ.

Чун ба таъкиди вай, ташвишҳои ҷаҳонӣ, назири хатароти терроризм ва зуҳуроти номатлуби он мояи нигаронист ва ҳеҷ кишвар ба танҳоӣ наметавонад, бар зидди ин таҳдидҳо мубориза барад. Ба ин далел, дабири кулли САҲА бар таҳияи барномаи вижаи амал ва бархӯрди стратегӣ бо чунин хатарот таъкид дорад.

Бо он ки Афғонистон дар ҳоли ҳозир танҳо шарики САҲА аст, аммо ин созмони байналмилалӣ рисолати худ барои мусоидат дар таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодии ин кишвари минтақаро рӯи даст дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки яке аз самтҳои фаъолияти САҲА, ин барномаи мудирияти марзҳо ва ҳифзу ҳимояи онҳо дар минтақа аст.

Ба ин манзур САҲА дар шаҳри Душанбе марказ ё коллеҷи низомиеро роҳандозӣ кардааст, ки ҳамакнун дар чорчӯби фаъолияти ин муассиса беш аз 600 афсари нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон, ки сеяки онҳо марзбонон ҳастанд, давраҳои омӯзиширо ба поён расонданд. Дабири кулли САҲА бар ин назар аст, ки иҷрои ин тарҳ имкон медиҳад, ки афғонҳо пас аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ метавонанд ҳифзи суботу амният дар кишварашонро бар ӯҳда дошта бошанд.

Аз сӯи дигар Ламберто Занеру омодагии кишварҳои ҳамсояро низ барои мусоидат дар таъмини суботи минтақа ва рушди иқтисодии Афғонистон таъкид кард. Ба назари дабири кулли САҲА, иҷрои тарҳҳои муштарак дар заминаи дастрасӣ ба нерӯи барқ ва дигар маводи сӯхтӣ ва густаришу тақвияти тиҷорат метавонад дар ҳамгироиҳои минтақаӣ кӯмак ва омили рушди Афғонистон гардад.

Бахше аз нишасти хабарии Ламберто Занеру ба масоили ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар ва муносибат бо кишвари ҳамсояи Узбакистон ихтисос ёфт. Дабири кулли САҲА аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмон ибрози ризоят кард ва гуфт, "бо он ки ин нахустин сафари ман ба ин кишвари Осиёи Марказӣ ба унвони дабири кулли САҲА аст, аммо дар гузашта ман дар Тоҷикистон будам ва мебинам, ки ин кишвар дар ҳоли рушд аст."

Вай гуфт, "дар ин сафар имкони дидору гуфтугӯ бо раисиҷумҳури Тоҷикистонро доштам ва масоили мухталиф, аз ҷумла ҳуқуқи башарро низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор додам."

Ба андешаи Ламберто Занеру ҳуқуқи башар дар ҳар кишвар ба таври мутафовит густариш меёбад ва агар мушкилие ва ё душворие дар ин замина пеш биояд, САҲА дар Вена бо ҳузури намояндагони доимии кишварҳои узв онро матраҳ хоҳад кард. Аммо Занеру дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар мавриди эҷоди маҳдудияти интиқоли бору коло тавассути Узбакистон ва иқдомоти САҲА дар ин замина гуфт, "дар масъалаи Узбакистон, принсипи САҲА ин аст, ки бояд ҳеҷ монеае дар ҳамлу нақли коло набошад. Аммо бояд гуфт, ки чунин мушкилоте миёни кишварҳо сар мезанад ва агар ҷонибҳо хоҳанд, САҲА метавонад ба унвони миёнҷӣ дар рафъи мушкилот кӯмаку мусоидат кунад."

Ба таъкиди дабири кулли САҲА, тааҳҳудоте, ки довталабона кишварҳои узви созмон доранд, имкон медиҳанд, то аз ин васила мо барои ҳалли мушкилот фишор орем.

Аммо ба эътиқоди Ламберто Занеру, дар баъзе мавридҳо барои иҷрои ваъдаҳо миёни кишварҳои узв ихтилофи назар ба вуҷуд меояд ва САҲА дар Вена механизми баррасии ин мушкилотро дорад ва агар баҳсҳо тунд шавад, созмон тасмимҳои худро хоҳад гирифт.

Шаҳрвандони Тоҷикистон то куҷо ба вазъи Афғонистон таваҷҷӯҳ доранд ва роҳи ҳалли мушкилиҳои ин кишвари ҳамсояро дар чӣ мебинанд?

Ба Афғонистон кай сулҳ меояд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00
XS
SM
MD
LG