Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як гурӯҳ аз тоҷикон Сурияро тарк кардаанд


Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, теъдоде аз шаҳрвандони кишвар қаламрави Сурияро тарк намудаанд.

Давлат Назрӣ, сардори раёсати таҳлил ва иттилооти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, "бар пояи маълумоте, ки аз сафорати Тоҷикистон дар Миср расид, бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти ба амаломада дар Сурия, теъдоде аз шаҳрвандони мо ҳудуди ин кишварро тарк кардаанд."

Ба гуфтаи ҷаноби Назрӣ, дар соли 2011 дар қаламрави Сурия дар маҷмӯъ 56 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба сар мебурданд, ки аксарияти онҳо донишҷӯён буданд. Аммо ба таъкиди вай қисмати дигари шаҳрвандони мо дар ширкатҳои русии муқими Сурия кор мекунанд.

Сардори раёсати таҳлил ва иттилооти вазорати хориҷаи Тоҷикистон афзуд, "дар асоси тамосҳои ахири сафорат маълум шуд, ки теъдоди донишҷӯёне, ки ҳанӯз дар Сурия ба сар мебаранд, то поёни соли таҳсили ҷорӣ, дар моҳҳои май - июн, ба Ватан хоҳанд баргашт.

Давлат Назрӣ
Давлат Назрӣ
Бо вуҷуди оромии нисбӣ, ҳамчунон вазъият дар Сурия мояи нигаронист. Чун дар бархе нукоти ин кишвар ҳанӯз ҳам мавридҳои хушунат ва вуқӯи инфиҷорҳо ба мушоҳида мерасад. Ин дар ҳолест, ки Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар изҳороте аз тарҳи сулҳи фиристодааш дар Сурия Кофӣ Анон, ки қатъи хушунат, дастрасӣ ба ёриҳои башарӣ ва муколамаи сиёсиро дар назар дорад, ҳимояти комил нишон дод. Ин Шӯро ҳушдор додааст, ки агар Сурия тарҳи иборат аз 6 банди Аннонро иҷро накунад, ба “иқдомоти бештар” рӯбарӯ хоҳад шуд.

Тарҳи мазкур аз ҷумла оташбаси билофосила, шурӯи муколама байни режими Башор Асад ва мухолифон ва дастрасии номаҳдуди гурӯҳҳои имдодиро дар бар мегирад. Манобеи ғарбӣ мегӯянд, лаҳни қатъномаро ба хотири ҳимояти Русия, ки ҳамроҳ бо Чин ба ду қатъномаи қаблӣ вето гузошта буд, сабуктар кардаанд. Маскав гуфт, барои ҳимоят аз қатъномаи ҷадид омода ҳаст, вале ягон навъ зарбулаҷал ба муттаҳидаш - Асадро қабул надорад.

Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон
Созмони Милал мегӯяд, тайи як соли ошӯбҳои Сурия беш аз 8 000 нафар кушта шудаанд. Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бӯҳрони Сурияро бисёр хатарбор ва дорои "паёмадҳои бузург" тавсиф кард. Ӯ, ки рӯзи чаҳоршанбе дар пойтахти Индонезӣ суханронӣ мекард, афзуд, "намедонем ҳаводис ба кадом самт ва сӯ хоҳад рафт, аммо медонем, ки ҳамаи мо барои ҳаллу фасли ин бӯҳрони хатарнок масъул ҳастем."

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико мавзеи Шӯрои амният дар хусуси Сурияро ситоиш кард ва аз Башор Асад хост, роҳи таъйиншуда дар баёнияро пеш бигирад. Ӯ, ки пас аз дидор бо вазири умури хориҷаи Афғонистон дар ҷамъи хабарнигорон сухан мегуфт, баёнияи Шӯрои амниятро қадами мусбат арзёбӣ кард ва изҳор дошт: "Ба ҳамроҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Башор Асад ва низомаш мегӯем, ки ин масирро бирав, вагарна бо сахтиҳо ва инзивои бештар мувоҷеҳ хоҳӣ шуд.”
XS
SM
MD
LG